ДУШАНБЕ, 6 май — Sputnik. Дар се моҳи аввали соли ҷорӣ беш аз 106 ҳазор нафар шаҳрвандони хориҷӣ шаҳрвандии Русияро гирифтанд, ки нисбат ба як соли қабл 35 ҳазор нафар камтар аст.
Тибқи омори Вазорати корҳои дохилии Русия дар бораи вазъи муҳоҷират дар давраи аз январ то марти соли 2023, бештари шаҳрвандони Тоҷикистон шаҳрвандии Русияро дарёфт кардаанд.
“Теъдоди шахсоне, ки дар моҳҳои январ-марти соли 2023 нисбати онҳо қарор дар бораи гирифтани шаҳрвандии Русия қабул шудааст, 106 320 нафарро ташкил медиҳад”, - омадааст дар хабари ВКД.
Бояд зикр намуд, ки дар ҳамин давраи соли гузашта теъдоди гшаҳрвандони хориҷие, ки шиносномаи Русияро гирифтанд ба 141 663 нафар баробар буд.
5 феврали 2023, 10:30
Бино ба маълумоти Вазорати корҳои дохилӣ, дар се моҳи соли 2023 дар бораи гирифтани шаҳрвандии Русия аз ҷониби шаҳрвандони Тоҷикистон 44,9 ҳазор қарор қабул шудааст. Вазорат мегӯяд, ин нишондод дар давраи муайяншуда баландтарин буд.
Зимнан, ҷойҳои дуюмро шаҳрвандони Украина (22 ҳазор) ва саввумро Арманистон (8,9 ҳазор) ишғол кардаанд.
Ба даҳгонаи аввал шаҳрвандони Қазоқистон (6,9 ҳазор), Қирғизистон (5,4 ҳазор), Ӯзбекистон (4,7 ҳазор), Озарбойҷон (3,7 ҳазор), Молдова (3,1 ҳазор), Белорус (2,4 ҳазор) ва Туркманистон (912 нафар) шомил буданд.