ДУШАНБЕ, 6 май — Sputnik. Низомиёни пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон муҷассамаи танки Т-34-ро таъмир карданд.
Тонки мазкур дар Боғи Ғалабаи шаҳри Турсунзода гузошта шудааст.
Тавре хадамоти матбуоти пойгоҳи низомии Русия хабар додааст, низомиёни Русия ҳамасола ёдгорӣ ва муҷассамаҳои бахшида ба Ҷанги Бузурги Ватаниро таъмир мекунанд.
"Сар аз соли 2015 сар карда, корҳои таъмиркунӣ аллакай ба як анъанаи нек табдил ёфтаанд", - таъкид кард хадамоти матбуот.
Ҳайати шахсии баталони таъмириву баркароркунӣ тонкро шуст, ранг кард ва бо аломатҳои мушаххас ороиш дода шудааст.
Военнослужащие российской военной базы в Таджикистане отреставрировали танк Т-34 ко Дню Победы в г. Турсунзаде
© Sputnik Таджикистан
Ин танки Т-34-85 соли 1944 бароварда шуда, дар муҳорибаҳо барои озод кардани Венгрия ва Австрия, дар муҳорибаҳо барои Берлин иштирок карда, 1 майи соли 1945 ҷангро дар Прага ба охир расонд.
Баъд дар ҳайати бригадаи 16-уми танкчиён ба Точикистон фиристода шуд. Соли 1987 дар Боғи Ғалабаи шаҳри Турсунзода насб карда шуд.
Пойгоҳи низомии 201-уми Русия, ки дар Тоҷикистон мустақар шудааст, бузургтарин пойгоҳи низомии Русия дар берун аз марзи ин кишвар аст. Он дар ду шаҳр - Душанбе ва Бохтар ҷойгир аст.