Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Нерӯҳои дифои ҳавоии Русия 32 ҳавопаймои бесарнишини украиниро сарнагун кард

Системаҳои зиддиҳавоии нерӯҳои мусаллаҳи Русия дар як қатор нуқтаҳои аҳолинишини ҶМД ва ҶМЛ ҳавопаймоҳои бесарнишинро муайян ва нобуд карданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 6 май — Sputnik. Воҳидҳои дифои ҳавоии Русия дар як рӯз 32 ҳавопаймои бесарнишини украиниро дар ҶМД ва ҶМЛ ва вилояти Запороже нобуд карданд. Дар ин бора дафтари матбуоти Вазорати мудофиаи Русия хабар дод.

"Дар давоми рӯз дар маҳалҳои аҳолинишини Новоандреевка, Сватово, Пшеничноеи Ҷумҳурии Халқии Луганск, Горловка, Волновахаи Ҷумҳурии Халқии Донетск, Василевка, Чубаревка ва Ореховои вилояти Орехово 32 ҳавопаймои бесарнишини Украина нобуд карда шуд”, - омадааст дар хабари вазорат.

Илова бар ин, се мушаки HIMARS ва як мушаки зиддирадарии HARM муайян гардиданд. Қаблан нерӯҳои мусаллаҳи Русия якбора ду ҳавопаймои ҷангии Украинаро сарнагун кард.
Гуфта мешавад, ки ин ҳодиса дар вилояти Херсон - дар маҳалҳои аҳолинишини Золотая Балка ва Тягинка рух додааст. Мумкин буд, ки ду ҳавопаймои ҳамлагари Су-25 зада шавад.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Орбан: дар муноқишаи Украина баранда нахоҳад буд
Зимнан, 7 мушак, ки аз системаи чандкаратаи амрикоии HIMARS парронда шуданд, низ маҳв гардиданд.
Русия 24 феврали соли 2022 амалиёти вижаи низомиро дар Украина оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро “ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли 8 сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд.