Ҷанубу маркази Тоҷикистонро чангбод фаро мегирад

Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон эҳтимоли ифлос шудани сатҳи ифлосии ҳавои атмосфераро дар кишвар тайи 2 рӯзи оянда баланд арзёбӣ мекунад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 5 май — Sputnik. Чангбоде, ки аз самти ҷанубу ғарбӣ ва ғарб ба Тоҷикистон ворид мегардад, бархе аз манотиқи ҷумҳуриро фаро хоҳад гирифт.
Дар ин бора Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон иттилоъ дода, афзуд, ки ин ҳолат рӯзҳои 5-6 май дар назар аст.
Таъкид шудааст, ки дар пайи чангбод дар вилояти Хатлон, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе сатҳи ифлосшавии ҳаво боло меравад.
Ба сокинону меҳмонони ҷумҳурӣ маслиҳат дода шудааст, ки аз сайри зиёди рӯзона худдорӣ кунанду ҳангоми корҳои саҳроӣ ва сафар аз эҳтиёт кор бигиранд.
Мавсими оббозӣ дар Тоҷикистон оғоз нашудааст, аммо теъдоди ғарқшудаҳо дар ҳоли афзоиш аст
Дар зимн дар бархе аз навоҳии ВМКБ борони кӯтоҳмуддат пешгӯӣ шуда, ҳарорат дар ғарби вилоят шабона 3+8 дараҷа гарм ва рӯзона 11-16 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 3-8 дараҷа хунук, рӯзона 2+7 дараҷа гарм дар назар аст.
Суғдро ҳавои тағйирёбандаи бебориш фаро гирифта, ҳарорат дар водиҳо шабона 10+15 дараҷа гарм, рӯзона 23+28 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм, рӯзона 12+17 дараҷа гарм пешгӯӣ мегардад.
Ҳарорат дар водиҳои Хатлон шабона 10+15 дараҷа гарм, рӯзона 19+24 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 6+11 ва рӯзона 11+16 дараҷа гарм мешавад.
Дар мавриди Душанбе иттилоъ дода шудааст, ки пойтахтро ҳавои тағйирёбанда фаро гирифта, ҳарорат шабона 15+17 дараҷа ва рӯзона 28+30 дараҷа гарм мешавад.