Аввалин рӯзи “Ҳафтаи ёдбуд” дар Душанбе: аз лентаи георг то поксозии оромгоҳҳо

Иттиҳодияи кӯҳнасарбозон - интернатсионалистҳои Тоҷикистон дар рӯзи аввали “Ҳафтаи ёдбуд” ба хотири гиромидошти фавтидагони ҶБВ як чорабинӣ баргузор кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 5 май – Sputnik. “Ҳафтаи ёдбуд” дар Тоҷикистон аз соли 2016 ба ин сӯ ба таври расмиву ғайрирасмӣ баргузор мешавад.
Раиси Иттиҳодияи кӯҳнасарбозон - интернатсионалистҳои Тоҷикистон, Шавкат Мирзоев, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, дар рӯзи аввали “Ҳафтаи ёдбуд” дар қабристони марказии шаҳри Душанбе дар Хиёбони Шараф барои ҷонибозон ҶБВ ва сарбозони интернатсионалист адои эҳтиром ва як аксияи “Лентаи Георг” баргузор карданд.
“Мо ёду хотираи ширкаткунандагони даргузашта дар ҶБВ-ро дар ҷабҳаҳои ҷанг ва дар бемористонҳои шаҳри Душанбе байни солҳои 1941-1945, ҳамчунин сарбозони интернатсионалистеро, ки ҳангоми анҷоми вазифаи байналмилалӣ дар Афғонистон ҷон бохтанд, гиромӣ доштем”, - гуфт ӯ.
Баргузории "Ҳафтаи ёдбуд" дар Душанбе ба хотири иштирокдорони ҶБВ ва сарбозони интернатсионалист
Вай афзуд, маълум нест, ки дар ин қабристон ба чӣ теъдод ширкаткунандагони Ҷанги бузурги ватанӣ хок шудаанд, зеро дар тӯли ҷанг дар шаҳри Душанбе 28 бемористони низомӣ вуҷуд дошт.
“Бемористонҳо ба вежа маҷрӯҳонеро, ки дар неруҳои тонк ва ҳавонавардӣ хидмат мекарданд, пазироӣ мекард. Обуҳавои Тоҷикистон бар касоне, ки дучори сӯхтагӣ шуда буданд, таъсири мусбат дошт. Маҷрӯҳон ба суръат беҳбуд меёфтанд ва ба ҷабҳаҳои ҷанг бозмегаштанд", - гуфт раиси Иттиҳодия.
Ӯ илова намуд, ки фавтидагон бештар дар қабристони марказӣ ва гӯристоне дар парки Ғалаба дафн шудаанд.
Шавкат Мирзоев гуфт, ин иқдом бо ҳузури муаллимон ва хонандагони мактаби №41-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе баргузор шуд.
Пас аз он, Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон мизбони рӯйдоде ба ифтихори 78-умин солгарди рӯзи Пирӯзӣ бар фашизми Олмон буд.
Дипломатҳои рус қабристони куҳансарбозони ҶБВ дар шаҳри Бӯстонро пок карданд
Дар он кормандони сафорат Русия дар Тоҷикистон, кӯҳнасарбозони интернатсионалист, аъзои Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнат, донишҷӯёну муаллимони донишгоҳ ва хонандагони макотиби Душанбе ҳузур доштанд.
Суханронон дар мавриди шоҳкории мардуми Шӯравӣ, мушорикати тоҷикҳо дар Ҷанги бузурги ватанӣ ва ҳамчунин кӯмаки коргарони ақабаи Тоҷикистон ва саҳми онҳо дар пирӯзӣ бар фашизм сӯҳбат карданд. Хонандагон шеъру суруд хонданд ва филми мустанаде дар бораи Ҷанги бузурги ватанӣ пахш шуд.
“Ҳафтаи ёдбуд” дар Душанбе дар остонаи Рӯзи Ғалаба соли 2016 бо фармони шаҳрдори Душанбе ба ифтихори 71-умин солгарди он бори аввал таҷлил шуд. Аз ҳамин замон Тоҷикистон танҳо кишварест, ки ба таври ғайрирасмӣ ҳамасола “Ҳафтаи ёдбуд” – ро баргузор мекунад.