Оғози Намоишгоҳи байналмилалии универсалии "Тоҷикистон-2023" дар Душанбе

Дар пойтахти кишвар дар Муассисаи давлатии "Кохи Борбад" Намоишгоҳи байналмилалии универсалии "Тоҷикистон-2023" ба кор оғоз кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 4 май — Sputnik. Ба иттилои Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон дар намоишгоҳ беш аз 60 ширкати молистеҳсолкунанда ва хизматрасони ватанӣ ва хориҷӣ аз давлатҳои Малайзия, Русия, Ӯзбекистон, Эрон ва Ҳиндустон иштирок доранд.
Муовини Раиси Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ Манзура Рустамова гуфт, ки намоишгоҳ бахшида ба Солҳои рушди саноат эълон гардидани солҳои 2022-2026 баргузор мешавад.
Иштирокчиёни намоишгоҳ дар самтҳои мухталиф, аз ҷумла саноати сабук, кишоварзӣ, фармасевтика ва ороиши гигиенӣ, хӯрокворӣ, истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ, истеҳсоли чароғаки роҳнамо ва ғайра молу маҳсулоти худро барои намоиш ва фурӯш пешкаши харидорону меҳмонон менамоянд.
Тағйирот дар Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ
Намоишгоҳи байналмилалии универсалии "Тоҷикистон-2023" аз ҷониби Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ва дастгирии Ҳукумати мамлакат амалӣ гардида истодааст.
Дар намоиши имрӯза моли ширкатҳои ҷумҳурӣ, ки ба содироти молу маҳсулот ба якчанд давлати ҷаҳон машғуланд, муаррифӣ карда мешавад.
Ҳамзамон дар намоишгоҳ корхонаҳои истеҳсолие низ ҳастанд, ки қадамҳои аввали худро дар самти муаррифӣ ва дарёфти шарикони тиҷоратӣ мегузоранд.
Намоишгоҳи байналмилалии унверсалии "Тоҷикистон-2023" то 7 май идома меёбад.