ДУШАНБЕ, 4 май — Sputnik. Дар Тоҷикистон беш аз 1 миллиону 200 ҳазор кӯдак доруҳои зидди гелминтӣ ва ё сироятёбӣ аз кирм мегиранд, хабар медиҳад Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ.
Тадбирҳои пешгирӣ кардани касалиҳои гелминтӣ истифодаи дорухои зидди гелминтҳоро дар назар доранд, ки онро ҳамаи бачагони аз 7 то 11- сола қабул мекунанд.
Онҳо бояд аз паҳншавии кирмҳои паразитӣ дар байни кӯдакон пешгирӣ кунанд, сатҳи интиқоли онҳоро паст кунанд.
Вазорати тандурустӣ тавзеҳ дод, ки ноболиғон доруи зидди гелминтикӣ Мебендазолро мегиранд. Ин дору аз ҷониби ширкати фармасевтии Белгия Janssen-Cilag истеҳсол шудааст.
Раванди тақсими маводи дорувориро Маркази ҷумҳуриявии мубориза бо бемориҳои тропикии Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ ба уҳда дорад.
Қобили зикр аст, ки ҳар 2 сол дар байни гурӯҳи мавриди ҳадафи номбурда ба таври интихобӣ дар 10 шаҳру вилояти ҷумҳурӣ оид ба паҳншавии ин беморӣ тадқиқот гузаронида мешавад.
Тибқи маълумоти оморӣ, аз шумораи умумии кӯдакон ва наврасони то 18-сола 70% кирмҳои паразитӣ пайдо мекунанд.
Инҳо асосан энтеробиоз (40-45%) ва аскаридоз (35-40%) мебошанд, ки табобат бо дуруи зикршуда натиҷаи хуб хоҳад дод, афзудааст вазорат.