ДУШАНБЕ, 3 май — Sputnik. Дар доираи форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон 30 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид, иттилоъ додааст Кумитаи сармоягузорӣ ва амволи давлатии Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, дар форум намояндагони сохторҳои марбутаи давлатӣ ва доираи соҳибкории Тоҷикистон ва Қазоқистон, дар маҷмуъ зиёда аз 200 соҳибкор ва намояндагони ширкату корхонаҳои соҳаҳои гуногуни фаъолият байни ду давлат иштирок намуданд.
Зимни форум ҷонибҳо барои бунёди корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ дар минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон, аз ҷумла дар Минтақаи озоди иқтисодии Кӯлоб бо сармоягузории ҷониби Қазоқистон ба мувофиқа расида, шартномаҳои дарозмуддат ба имзо расониданд.
Ҳамзамон ҷонибҳо дар соҳаҳи саноати кӯҳию металлургӣ низ шартномаҳои дарозмуддат имзо намуда, мубодилаи молии маҳсулот анҷом медиҳанд.
Ба иттилои манбаъ, ҳадафи баргузории форуми мазкур — пайдо кардани шарикони тиҷоратӣ байни соҳибкорон ва тавсеаи ҳамкории тиҷоративу иқтисодии ҳар ду давлат маҳсуб мешавад.
Қайд карда шудааст, ки дар доираи форум вохӯриҳои дуҷонибаи соҳибкорони ҳар ду давлат дар шакли "Соҳибкор бо соҳибкор" (B2B) ва бахши давлатию хусусии ҳар ду ҷониб доир гардид.
"Аз натиҷаи вохӯриҳо байни доираҳои соҳибкории ҳарду кишвар зиёда за 30 санади ҳамкорӣ ба маблағи беш аз 1,8 млрд. доллар оид ба бунёди корхонаҳои муштарак, кооператсияи истеҳсолӣ ва соҳаҳои хизматрасонӣ ба имзо расонида шуданд", - таъкид доштааст Кумитаи сармоягузорӣ.
Ҳамзамон дар доираи сафари Президенти кишвар ба Қазоқистон ҳамчунин ҷаласаи сеюми Шӯрои кории Тоҷикистон ва Қазоқистон баргузор гардид, ки ҳадаф аз баргузории он баррасии вазъ ва дарёфти роҳу усулҳои наву самарабахши ҳамкории тиҷоративу иқтисодии байнидавлатӣ буд.
Дар ин Шӯро доир ба афзалиятҳои ҳамкорӣ ва сармоягузорӣ дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, сайёҳӣ ва содироту логистика таклифу пешниҳодҳои судманд баён намуданд.
Ёдовар мешавем, ки гардиши молу маҳсулот байни ду давлат дар як соли охир 263 миллион доллари америкоӣ ё бештар аз 20 фоиз афзуда, қариб 1,5 миллиард доллари амрикоиро ташкил додааст.