ДУШАНБЕ, 3 май – Sputnik. Тибқи таҳлилҳои пешакӣ, корхонаҳои Қазоқистон метавонанд ҳаҷми содироти маҳсулоти ғайри маводи сӯхтро ба Тоҷикистон ба маблағи беш аз 170 миллион доллар афзоиш диҳанд.
Иттилоъ додааст хабаргузории “Казинформ” дар истинод ба раиси Раёсати Палатаи савдои хориҷии Қазоқистон Аян Еренов.
“Дар соли 2021 дар доираи намояндагии тиҷорӣ мо панҷ созишномаи содиротӣ ба маблағи беш аз 80 миллион доллар ба имзо расид, соли гузашта аллакай шаш санад ба маблағи 100 миллион доллар ба имзо расид, имсол низ як ҳайати тиҷоратӣ ташкил мекунем, ки нақшаи мо расидан ба 120 миллион доллар аст", - гуфт Аян Еренов дар ҳамоиши тоҷирони Қазоқистону Тоҷикистон.
Вай таъкид кард, ки Тоҷикистон кишвари дорои иқтисоди босуръат рушдёбанда аст ва барои рушди ҳамкориҳо бо Қазоқистон, бахусус дар соҳаи нефту кимиё ва дорусозӣ дурнамои бузург дорад.
Вай афзуд, ки тибқи таҳлилҳои пешакӣ, корхонаҳои Қазоқистон метавонанд ҳаҷми содироти маҳсулоти ғайри маводи сӯхтро ба Тоҷикистон ба маблағи беш аз 170 миллион доллар афзоиш диҳанд.
“Он оморе, ки муовини сарвазир ба мо баён кард, дар бораи афзоиши табодули коло то ду миллиард доллар, ман фикр мекунам, ки мо дар давоми ду соли оянда ба он мерасем”, - гуфт Еренов.
Вай илова кард, ки аз татбиқи лоиҳаҳои инфиродӣ Қазоқистон аллакай ба шарикии системавӣ дар иқтисод гузаштааст.
“Созишномаҳое, ки имрӯз ба маблағи бештар аз як миллиард доллар ба имзо расидаанд, ба ин гувоҳӣ медиханд. Мо бо ҳамкоронамон консепсияи таъсиси корхонаи муштарак дар Тоҷикистонро имзо кардем. Ин корхона ба тоҷирони ду тараф дар рушди тиҷорати мутақобила ва ҳамчунин дар рушди тиҷорат бо кишварҳои сеюм кумак хоҳад кард”, - хулоса кард Аян Еренов.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки тоҷирони Қазоқистон ва Тоҷикистон ба маблағи 1 миллиарду 300 миллион доллар қарордод имзо кардаанд. Дар натиҷаи мулоқот, қарор аст, ин рақам ба 2 миллиард доллар бирасад.