Ҳалокати чор нафар дар Шаҳритус: аз ғизо заҳролуд шуданд

Бар асари истеъмоли ғизои заҳролуд нуҳ узви ду хонавода заҳролуд шуданд, ки дар натиҷа панҷ тани дигар ҳоло дар шуъбаи эҳё қарор доранд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 3 май – Sputnik. Дар деҳаи Холматови ҷамоати деҳоти Худойназари ноҳияи Шаҳритус чор нафар пас аз истеъмоли ғизо фавтиданд.
Дар ин бора дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода хабар дода, афзуд, ки ҷамъан нуҳ узви ду хонавода заҳролуд шуданд.
"Нуҳ узви ду оила аз хӯрок заҳролуд шуданд, ки дар натиҷа 4 нафар ба ҳалокат расида, 5 тани дигар дар шуъбаи эҳёи беморхона бистарӣ шудаанд", - омадааст дар хабари КҲФ.
Манбаъ меафзояд, ҳодиса бегоҳи рӯзи 2 май, пас аз истеъмоли хӯроки шом рух додааст, вале феълан маълум нест, ки маҳз кадом хӯрок боиси заҳролуд шудани сокинони Шаҳритус гардид.
Ҷузъиёти бештари ин ҳодисаро Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ифшо накардааст, танҳо зикр намуд, ки тафтиши ин ҳодиса идома дорад.
Фоҷиа дар Панҷакент: зодрӯзи модар ба марги фарзандону мотам анҷомид
Зимнан, моҳи гузашта дар шаҳри Панҷакент бар асари истеъмоли "консерва" чор узви як хонавода заҳролуд шуданд, ки дар натиҷа ду танашон ба ҳалокат расиданд.
Ин ҳодисаи нохушро аз дафтари матбуоти Вазорати тандурстӣ ба Sputnik Тоҷикистон чунин шаҳр доданд, ки "он шаб модар зодрӯз доштаасту ош мекунад ва аҳли оила онро бо "консерва" истеъмол мекунанд, ки заҳролуд шудаву ба бемории ҳасибак (ботулизм) дучор мешаванд"
Ҳамчунин соли гузашта ноҳияи Ҷаббор Расулов бар асари заҳролудшавӣ аз хӯриш якбора 8 узви як хонавода ҷон аз даст доданд.