Патрушев: НАТО тамрини нерӯҳои худро дар наздикии марзи Русия афзоиш дод

Ба гуфтаи дабири Шӯрои амнияти Русия, ин паймон зербиноҳои низомиро таҷдид ва шиддати тамрини нирӯҳо дар Аврупои Шарқиро афзоиш додааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 3 май – Sputnik. НАТО дар Аврупои Шарқӣ контингентҳои иловагии низомиро мустақар карда, омӯзиши воҳидҳои худро афзоиш дод ва зерсохтори низомии наздикии марзҳои Русияро навсозӣ кард.
Дар ин бора дабири Шӯрои амнияти Русия Николай Патрушев дар мусоҳиба бо нашрияи "Известия" хабар додааст.
"Мувофиқи нақшаҳои худ Ғарб пайваста фишори сиёсӣ, низомӣ ва иқтисодиро ба кишвари мо пурзӯр мекунад. НАТО дар кишварҳои Аврупои Шарқӣ контингентҳои иловагии низомиро ҷойгир кардааст", - тавзеҳ дод ӯ.
Ба таъкиди Патрушев, дар минтақа тақрибан 60 ҳазор низомиёни амрикоӣ мустақар шудаанд.
"Паймон инфрасохтори ҳарбиро дар наздикии марз таҷдид намуда, миқёс ва шиддати омодагии оперативӣ ва ҷангии нирӯҳо, таъминоти таҷҳизот ва аслиҳа ба Украинаро афзоиш дод", - илова намуд дабири Шӯрои амнияти Русия.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Шойгу талафоти артиши Украина дар як моҳро эълон кард
Дар идома ӯ гуфт, Нато ҳоло барои артиши Украина даҳҳо маркази таълимӣ боз намудааст.
Вай ҳамчунин зикр кард, ки ниҳодҳои истихборотии ғарбӣ террористҳо ва диверсантҳоро ба умеди барҳам задани пояҳои конститутсионии кишвар ва ба вуҷуд овардани тарсу ҳарос миёни мардум, барои содир кардани ҷиноят дар Русия омода мекунанд.
Русия 24 феврали соли 2022 барои хотима додани аъмоли Киев амалиёти вижаи низомиро дар Украина оғоз кард. Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".
Илова бар ин, ҳадафҳои амалиёти вижа инчунин аз ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина иборатанд.