ДУШАНБЕ, 3 май — Sputnik. Дар оромгоҳи православии Душанбе низомиёни пойгоҳи 201-уми Русия дар Тоҷикистон шанбегӣ баргузор карданд.
Чорабинӣ ба муносибати 78-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ баргузор шуда, дар он фармондеҳи пойгоҳи 201-уми Русия полковник Андрей Марушкин низ ширкат дошт.
Кабудизоркуниро тарбиягирандагони "Юнармия" ва донишҷӯёни муассисаҳои гуногуни таълимӣ анҷом доданд.
Илова бар ин, собиқадорони созмони умумирусиягии "Бародарони ҷангӣ", кормандони сохторҳои қудратии Федератсияи Русия, инчунин курсантҳои Академияи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон низ саҳм гузоштанд.
Ҷамъан, зиёда аз 500 нафаркормандони вазорату идораҳо ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар ин кор саҳм гузоштанд.
Гуфта мешавад, зиёда аз 600 оромгоҳ тамиз гардид. Чунин шанбегӣ барои хизматчиёни ҳарбӣ анъанаи хубе гардидааст.
Ёдовар мешавем, ки пойгоҳи низомии 201-и мустақар дар Тоҷикистон бузургтарин иншооти низомии Русия дар берун аз марзи он кишвар аст. Пойгоҳи Русия дар Душанбе ва Бохтар ҷойгир мебошад.