Дар Қазоқистон 418 корхонаи муштараки тоҷикиву қазокӣ фаъолият дорд

Муовини сарвазир – вазири тиҷорат ва ҳамгироии Қазоқистон гуфт, ки Тоҷикистон барои тиҷорати хурду миёна шароити хуб фароҳам кардааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 3 май — Sputnik. Тоҷикистон барои тиҷорати хурду миёна дар Қазоқистон имкониятҳои бузургро бо хавфҳои хеле кам барои соҳибкорон фароҳам кардааст, иттилоъ додааст хабаргузории “Bizmedia.kz” дар истинод ба муовини сарвазир – вазири тиҷорат ва ҳамгироии Қазоқистон Серик Жумангарин.
Вазир дар ҳошияи форуми тиҷоратии Қазоқистону Тоҷикистон гуфт, имрӯз дар қаламрави Қазоқистон 418 корхонаи муштараки Қазоқистону Тоҷикистон фаъолият мекунанд.
Ба иттилои оқои Жумангарин аз 418 корхонаи муштарак, 416- адади онҳо корхонаҳои хурд мебошанд.
Барои сабукӣ ба соҳибкорон: Тақвияти ҳамкории "Саноатсодиротбонк" бо "KazakhExport"
Ӯ ҳамчунин қайд кард, ки Тоҷикистон барои рушди соҳибкории хурд имкониятҳои хуб фароҳам кардааст.

"Дар робита ба пешбурди тиҷорат на Тоҷикистон ва на Қазоқистон барои соҳибкорӣ ягон хатар эҷод намекунанд”, - гуфт Серик Жумангарин.

Вай дар ҳошияи форуми қайд кард, ки дар ин кишварҳо барои соҳибкорон хатаре комилан вуҷуд надорад.
Ба гуфтаи вай, Тоҷикистон як бозори аслии колоҳои тавлиди Қазоқистон, яъне маҳсулоти кишоварзӣ, аз қабили гандум, ҷав ва равғани офтобпараст аст.
Вай гуфт, ки бо шарофати дастгирии истеҳсолкунандагони ватанӣ содироти равғани офтобпараст ба Тоҷикистон беш аз 20 миллион доллар афзоиш ёфтааст.