Чин ҳанӯз ҳукумати толибонро эътироф намекунад

Намояндаи вижаи Чин гуфт, ки аз ваъдаи толибҳо дар мавриди истифода нашудани қаламрави ин кишвар барои ҳамла ба дигар давлатҳо истиқбол мекунанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 3 мая – Sputnik. Чин нақша надорад, ки дар ояндаи наздик ҳукуматеро, ки толибон* дар Афғонистон ташкил доданд, ба расмият шиносад. Дар ин бора намояндаи вижаи Чин дар умури Афғонистон Юэ Сяоюн ба "РИА Новости" хабар додааст.
Ба таъкиди ӯ, Чин ҳамоно мунтазири тасдиқи ваъдаи толибон* дар мавриди истифода нашудан аз қаламрави ин кишвар барои ҳамла ба давлатҳои дигар мебошад.
Сяоюн дар нишасти дурӯзаи фиристодаи вижаи 20 кишвари ҷаҳон дар умури Афғонистон ва дабири кулли СММ дар Қатар ширкат дошт. Ин нишаст нахустин чунин мулоқот пас аз ба даст овардани қудрати толибон* дар Афғонистон дар моҳи августи соли 2021 буд.
"Барои Чин масъалаи эътирофи ҳукумати ташкилкардаи толибон * дар ояндаи наздик ҳал карда намешавад, аммо ин маънои онро надорад, ки мо набояд бо мақомоти афғон фаъолона ҳамкорӣ кунем", - афзуд намояндаи Чин.
Дар идома ӯ гуфт, барои Чин вақт лозим аст, то бубинад, ки ин кишвар пас аз 20 соли ишғол чӣ гуна аз бесарусомонӣ раҳо шуд.
Лавров: то замоне, ки толибҳо давлати фарогир насозанд ба расмият намешиносем
Зимнан, намояндаи Чин гуфт, кишвараш ваъдаи ҳукумати Афғонистонро дар мавриди истифода нашудани қаламрави ин кишвар барои ҳамла ба дигар давлатҳоро қадр мекунад, "вале дар айни замон мо интизорем, ки ин ваъда бо амалия мустаҳкам карда шавад.
Дар баробари ин вай таъкид кард, ки "масъалаи ба расмият шинохтани ҳукумати Афғонистонро ҳар як кишвар бояд ба таври дастаҷамъӣ не, балки алоҳида ҳал кунад".
Ба гуфтаи намояндаи вижаи Чин, авлавияти Пекин дар марҳилаи кунунии равобит бо мақомоти Афғонистон на эътирофи онҳо, балки кумак ба мардум аст.
* - гурӯҳ ё созмоне, ки таҳти таҳримҳои СММ барои амалҳои террористӣ қарор дорад.