Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Шойгу талафоти артиши Украина дар як моҳро эълон кард

Вазири дифои Русия ахиран эълон кард, ки дар набардҳо бо артиши Русия нерӯҳои украинӣ дар моҳи апрел бештар аз 15 ҳазор нафарро аз даст доданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 2 май – Sputnik. Артиши Русия дар тамоми хатти ҷабҳа дар минтақаи амалиёти вижа фаъоланд, иттилоъ додааст вазири дифои Русия Сергей Шойгу.
Вай афзуд, ки сарбозони украинӣ дар моҳи апрел беш аз 15 ҳазор сарбози худро аз даст доданд.
"Қуваҳои мусаллаҳи Русия дар тамоми хатти ҷабҳа фаъоланд. Бо вуҷуди кумакҳои низомии бесобиқаи кишварҳои ғарб, душман талафоти зиёде дорад. Танҳо дар як моҳи ахир онҳо беш аз 15 ҳазор нафарро аз даст додаанд", - гуфт Шойгу.
Ёдовар мешавем, ки Сергей Шойгу, вазири дифои Русия гуфта буд, ки артиши Украина дар муқоиса бо моҳи январ, ки беш аз 6500 сарбози худро аз даст дода буд, дар давоми моҳи феврал 40% бештар нерӯҳои худро талаф додааст
Артиши Русия зиддиҳамлаҳои нерӯҳои Украина аз байн бурд
Русия 24 феврали соли 2022 барои хотима додани аъмоли Киев амалиёти вижаи низомиро дар Украина оғоз кард. Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".
Илова бар ин, ҳадафҳои амалиёти вижа инчунин аз ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина иборатанд.