ДУШАНБЕ, 2 май — Sputnik. Шабонарӯзи гузашта наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании кишвар ду ҷасадро аз об берун оварданд,иттилоъ додааст дафтари матбуоти КҲФ Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, ахиран ба қисми навбатдории КҲФ хабар расид, ки дар кӯчаи академикҳо Раҷабовҳо, наздикии Вазорати адлия, дар як селроҳо ҷасади марди ба тахмин 50-55-сола намудор аст.
“Наҷотдиҳандагони Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе ба ҷойи ҳодиса расида, ҷасадро берун оварданд ва ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурданд. Шахсияти ҷасад ва сабабҳои марги вай муайян карда мешавад”, - иттилоъ додааст манбаъ.
Ҳамзамон қайд карда шудааст, ки 29 апрели соли 2023 як сокини 14-солаи маҳаллаи Чимтеппаи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе аз хона берун шуд ва дигар барнагашт. Тахмин зада мешуд, ки дар об ғарқ шудааст.
Таъкид шудааст, ки рӯзи 1-уми майи соли равон дар ҷараёни роҳандозии корҳои ҷустуҷӯву наҷот имдодгарони ҷасадро дар кӯли сунъии ба истилоҳ “Мехкарйер”, ки дар ҳудуди маҳаллаи Чимтеппа ҷойгир мебошад, пайдо ва ба кормандони милитсия супурданд.
Инчунин 30-уми апрели соли равон як сокини 7-солаи деҳаи Арабхонаи ҷамоати деҳоти ба номи Носири Хусрави ноҳияи Қубодиён аз беэҳтиётӣ дар канали маҳаллии Каттаариқ ғарқ шудааст.
Қайд карда шудааст, ки баъди дарёфти хабар дастаи наҷотдиҳандагони Раёсати Кумита дар вилояти Хатлон ба ҷойи ҳодиса сафарбар шуданд.
Бино ба гузориши расида то кунун ҷасад пайдо нашудааст ва субҳи имрӯз, 2-уми май корҳои ҷустуҷӯӣ аз сар гирифта шуд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодада ва мудофиаи граждании кишвар бори дигар ба сокинони кишвар муроҷиат мекунад, ки фарзандони ноболиғи худро беназорат нагузоранд.