Тағйироти кадрӣ: Раҳмон раиси ду ноҳияро барканор кард

Раисҷумҳури Тоҷикистон раиси ноҳияи Варзобро, ки ҳамагӣ дар мақомаш даҳ моҳ фаъолият кард, бо фармоне аз мақомаш барканор намуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон тағйироти кадрӣ анҷом дод
Дар ин бора давтари матбуотии президенти кишвар гузориш медиҳад.
Ҳамин тариқ тибқи фармони раисҷумҳур сафарзода Шарифхон Нураҳмад аз вазифаи раиси ноҳияи Варзоб озод карда шуд.
Сабаби барканории ӯ ба кори дигар гузаштааш гуфта мешавад. Ӯ аз 25 июни соли 2022 дар ин мақом менишаст.
Ҳамакнун сарвари давлат, Дамонзода Хусрав Назаралиро иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Варзоб таъин карда шавад.
Тағйироти кадрӣ дар шаҳри Хоруғ
Дамонзода то расидани ба ин мақом муовини якуми раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе буд.
Ба иттилои манбаъ, ҳамчунин Маҷидӣ Муҳтадӣ Хайрулло бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи раиси ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон озод карда шудааст.
Ба ҷойи ӯ раиси нави ноҳия бо фармони президент Мирзозода Музаффар Бурҳон таъин шудааст.
Мавсуф то расидан ба ин курсӣ, ба ҳайси муовини вазири кишоварзии Тоҷикистон фаъолият дошт.