Бонки миллии Тоҷикистон меъёри бозтамвилро поин бурд

Коршиносони танзимгари миллии Тоҷикистон ҳадафи коҳиши меъёри бозтамвилро шарҳ дода, гуфтанд, ки бо кадом ҳадаф он чунин муқаррар карда шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 1 май — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) меъёри бозтамвилро як банди фоизӣ коҳиш дод.
Дар ин бора аз хадамоти матбуоти танзимгари давлатӣ хабар доданд.
Ҳамин тавр, аз 1 май меъёри бозтамвил дар ҷумҳурӣ 10% муқаррар карда шудааст.
"Кумитаи сиёсати пулию қарзии БМТ дар ҷаласаи навбатии худ тасмим гирифт, ки аз 1 майи соли 2023 меъёри бозтамвилро 1 банди фоизӣ поин бурда, 10%-и солона муқаррар намояд", — омадааст дар хабари бонк.
Гуфта мешавад, км ин тасмим бо назардошти таъсири эҳтимолии таҳдидҳои эҳтимолии дохилӣ ва хориҷӣ ба иқтисодиёт гирифта шудааст.
Бонки АвруОсиёии Рушд аз сустшавии таваррум дар Тоҷикистон гуфт
Ҳамзамон, барои коҳиш додани хатарҳои таваррум ва тамоюли мушоҳидашуда дар самти поин рафтани нархи ҷаҳонии колоҳо ва маҳсулоти ғизоӣ ҳисобҳо ва пешгӯиҳои созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ба инобат гирифта шуданд.
Ба гуфтаи таҳлилгарони Бонки АвруОсиёии Рушд, дар охири соли 2022 мизони таваррум дар Тоҷикистон дар моҳи декабр то 4,1% коҳиш ёфт.
Яке аз омилҳои асосии паст кардани сатҳи таваррум дар соли 2022 сиёсати Бонки миллӣ буд, ки меъёри бозтамвилро дар давоми сол дар ҳудуди 13-13,25 фоизи солона нигоҳ дошт.