Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Артиши Русия бо ҳамалоти мушакӣ тавлиди силоҳ ба артиши Украинаро қатъ кард

Зарбаҳои мушакии нерӯҳои мусаллаҳи Русия тавонистаанд кори корхонаҳои тавлиди лавозимоти ҷангӣ, аслиҳа ва таҷҳизоти низомии Украинаро халалдор кунанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 1 май— Sputnik. Нерӯҳои мусаллаҳи Русия ба объектҳои маҷмааи ҳарбӣ-саноатии Украина ҳамлаи мушакии гурӯҳӣ анҷом доданд.
Дар ин бора дар вазорати дифоъи Русия хабар доданд.
Ҳамла бо силоҳҳои дақиқи баландпарвози ҳавоӣ ва дарёӣ анҷом дода шуд.

"Ҳадаф амалӣ шуд. Ба ҳама ҳадафҳои таъиншуда зарба зада шуданд", - гуфтанд дар вазорат.

Вазорати дифоъ таъкид кардааст, ки "кори корхонаҳое, ки барои нерӯҳои мусаллаҳи Украина муҳимот, аслиҳа ва таҷҳизоти низомӣ тавлид мекарданд" халалдор шудааст.
Ҳамин тариқ дар Павлодари вилояти Днепропетровски Украина ба як иншооти саноатии мудофиа ва ҳамчунин ба маркази нақлиётии Қувваҳои Мусаллаҳи Украина дар ин шаҳр зарба зада шудааст
Шаби 1 май дар саросари Украина ҳушдори ҳавоӣ эълон шуд. Дар се вилоят: вилоятҳои Днепропетровск ва Киев, инчунин дар пойтахти мамлакат таркишҳо ба амал омаданд.
Артиши Русия зиддиҳамлаҳои нерӯҳои Украина аз байн бурд
Як рӯз пеш хабар дода шуд, ки низомиёни Русия як қаторро дар истгоҳи Краматорск, ки дар он беш аз 200 тонна муҳимот мавҷуд буд, тахриб кардаанд.
Ёдовар мешавем, ки Русия 24 феврали соли 2022 амалиёти вижаи низомиро дар Украина оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли 8 сол таҳти таҳқиру генотсид аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд."
Дар вокуниш ба ҳамлаи террористӣ ба пули Қрим ва дигар ҳамлаҳо ба инфрасохтори ғайринизомӣ дар Русия, Нерӯҳои мусаллаҳи ин кишвар пайваста ба саноати дифоъ, фармондеҳии низомӣ, иртиботот ва энержии Украина зарба мезананд.