ДУШАНБЕ, 30 апр — Sputnik. Муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Бахтиёр Боқизода дар ҷаласаи ахир бахшида ба масоили рушди соҳаи саноат ва хоҷагию коммуналӣ бахшида шуда буд, гуфт, ки дар семоҳаи аввали соли равон 20 адад корхонаҳои нави хурду миёнаи истеҳсолии пурра бо таҷҳизотҳои замонавӣ муҷаҳҳазгардида таъсис дода шуд, иттилоъ додааст дафтрари матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд.
Вай афзуд, ки шумораи умумии корхонаҳои саноатии шаҳр ба 228 адад расид, ки танҳо аз ҳисоби корхонаҳои нав бунёдгашта 134 нафар шаҳрвандон бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд.
Ҳамзамон вай таъкид кард, ки аз ҷониби 92 адад корхонаҳои хурду калон маҳсулотҳои ивазкунандаи воридот ба маблағи 172,2 млн. сомонӣ истеҳсол гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригашта 8,1 млн. сомонӣ ё 4,5 фоиз зиёд мебошад.
Ҳамзамон ба иттилои манбаъ дар ин давра аз 151 намуд маҳсулотҳои асосӣ истеҳсоли 95 намуд ё 62,9 фоиз нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 зиёда аз 100% таъмин карда шудааст.
Инчунин зикр гардидааст, ки номгӯи намуди маҳсулотҳои саноатӣ низ зиёд шуданд, ки онҳо асосан аз ашёи хоми маҳаллӣ истеҳсол гардида, ба 17 давлатҳои муштараку манофеъ содирот карда шуда истодаанд.
Ба онҳо истеҳсоли маҳсулоти армуғонӣ, маҳсулоти заргарӣ, собуни хоҷагӣ, пойафзоли бачагона ва дигарон мисол шуда метавонанд.
Инчунин қайд карда шудааст, ки барои азнавсозии технология ва муҷаҳҳаз гардонидани корхонаҳои саноатӣ зиёда аз 20,1 миллион сомонӣ сармояҳои дохилию хориҷӣ ҷалб карда шудааст.