ДУШАНБЕ, 30 апр – Sputnik. Ҳаво дар Тоҷикистон тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад, иттилоъ дод Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ.
Ба иттилои манбаъ, дар ВМКБ боришот дар назар набуда, ҳарорати ҳаво дар ғарби вилоят шабона 3+8 дараҷа гарм, рӯзона 17+22 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят шабона 0-5 дараҷа хунук, рӯзона 5+10 дараҷа гарм мешавад, омадааст дар иттилоия.
Вилояти Суғдро низ ҳавои тағйирёбандаи бебориш фаро гирифта, дар ноҳияҳои кӯҳӣ бориши сусти борон ба амал меояд. Ҳарорат дар водиҳо шабона 13+18 дараҷа гарм, рӯзона 27+32 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 1+6 ва рӯзона 13+18 дараҷа гарм мешавад, таъкид намуданд ҳавошиносон.
Дар вилояти Хатлон низ ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар дошта мебошад. Ҳаво дар водиҳо шабона 13+18 дараҷа гарм, рӯзона 29+34 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 9+14 дараҷа гарм, рӯзона 21+26 дараҷа гармиро ташкид хоҳад дод.
Шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳуриро низ ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар пеш мебошад. Ҳарорат дар водиҳо шабона 11+16 дараҷа гарм, рӯзона 27+32 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 7+12 ва рӯзона 20+25 дараҷа гарм дар назар аст.
Ҳавошиносон дар Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мекунанд. Ҳарорати ҳаво дар пойтахти Тоҷикистон шабона 13+15 дараҷа ва рӯзона 29+31 дараҷа гарм мешавад, омадааст дар иттилоия.