ДУШАНБЕ, 28 апр — Sputnik. Низомиёни украинӣ аз танк сӯи як бинои панҷошёна дар Артемовск тир холӣ карданд, гуфт як сокини тахлияшудаи шаҳр Владимир Кузнетсов ба РИА "Новости".
Ба гуфтаи ӯ, нерӯҳои мусаллаҳи Украина пас аз он ки сокинони минтақа аз тарки қаламрави таҳти назорати Киев худдорӣ карданд, ба хонаҳо аз танк зарба заданд.
"Мо дар таҳхона зиндагӣ мекардем, онҳо якҷоя бо хадамоти иҷтимоӣ ворид шуданд ва шарт гузоштанд: "Ё кӯдакро мегирем, ё бо кӯдак ба Украина меравед", - гуфт мард.
Вай афзуд, ки баъд аз ин низомиёни нерӯҳои мусаллаҳи Украина набера ва духтари ӯро иҷборан берун карда, аввал кӯдакро бурданд ва дар он ҷо маҷбур карданд, ки бар хилофи хоҳиши худ бо онҳо биравад.
Бисёре аз сокинони Артемовск дар таҳхонаи як бинои панҷошёна боқӣ монданд, аммо ин ба ҷангҷӯёни Киев монеъ нашуд, онҳо биноро зери оташ гирифтанд.
Сокинони дигар, ки аз шаҳр тахлия шудаанд, модару писар Татяна ва Олег Малтсевҳо гуфтаанд, ки нерӯҳои украинӣ ҳангоми ақибнишинӣ биноҳои бисёрошёнаи истиқоматиро минагузорӣ карда, сокинони осоиштаро аз онҷо ихроҷ мекунанд.
Онҳо инчунин биноҳои асосиро сӯзонданд, то пешрафти гурӯҳи "Вагнер"-ро суст кунанд.
Илова бар ин, қаблан шоҳидони айнӣ гуфта буданд, ки чӣ гуна дар авохири моҳи март ҳангоми ақибнишинии нерӯҳои мусаллаҳи Украина норинҷакҳоро дидаву дониста ба таҳхонаи як бинои баландошёна партофтаанд, сарфи назар аз дархости афроди дар он ҷо пинҳоншуда, ки дархост мекарданд ин корро накунанд.
Маврид ба зикр аст, ки Артемовск дар ҶМД дар шимоли Горловка ҷойгир аст. Моҳҳои зиёд аст, ки берун аз шаҳр муҳорибаҳои шадид давом доранд.
Ёдовар мешавем, ки Русия 24 феврали соли 2022 амалиёти вижаи низомиро дар Украина оғоз кард. Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".
Илова бар ин, ҳадафҳои амалиёти вижа инчунин аз ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина иборатанд.