ДУШАНБЕ, 28 апр — Sputnik. Силоҳе, ки ба Украина интиқол дода мешавад, ба дасти террористон меафтад, ки ба суботу амнияти Аврупо ва дар маҷмӯъ ҷаҳон таъсири манфӣ мерасонад.
Ин нуктаро вазири дифои Русия, Сергей Шойгу дар нишасти ҳамтоёнаш аз кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай дар Деҳлии Нав изҳор дошт.
"Силоҳҳои интиқолшуда ба бозори сиёҳи меафтанд, ки ин хатарҳои иловагиро ба вуҷуд меорад, бахусус бо назардошти изҳорот дар бораи интиқоли лавозимоти ҷангии урандор ба қувваҳои мусаллаҳи Украина", - мегӯяд ӯ.
Ба гуфтаи вай, кишварҳо пас аз оғози амалиёти вижаи низомии Русия фавран таҳримҳо ҷорӣ кардаанд, таъминоти аслиҳаро ба Украина ташкил карданд, Киевро бо маълумоти истихборотӣ ва мушовирону зархаридон таъмин мекарданд.
Ҳамин тариқ, иқтидори ҳарбӣ ва имкониятҳои қариб ҳамаи мамлакатҳои НАТО ҷалб карда шуд, гуфт дар хотима Шойгу.
Русия 24 феврали соли 2022 амалиёти вижаи низомиро дар Украина оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли 8 сол таҳти таҳқиру наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд".