Оғози содироти зардолуи тоҷикӣ ба хориҷ

То имрӯз соҳибкорон аллакай наздик ба 30 тонна зардолуи Тоҷикистон ба хориҷ аз ҷумла ба Русия Қазоқистон ва Беларус содирот шудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 28 апр — Sputnik. Ба иттилои мақомоти Хатлон ҳудуди як ҳафта мешавад, ки боғдорони ноҳияи Қубодиён ба ҷамъоварию содироти зардолу оғоз намудаанд.
“То имрӯз аллакай наздик ба 30 тонна ҳосили ин навъи меваро хориҷ аз кишвар - Русияю Қазоқистон ва Беларус соҳибкорон интиқол додаанд”, иттилоъ додааст мақомоти Хатлон.
Таъкид шудааст, ки боғдорон як килограмм ҳосили зардолуро 3-5 сомонӣ бо нархи яклухт аз сари замин ба соҳибкорон мефурӯшанд.
“Дар ин шабу рӯз мошинҳои калони боркаш яке пайи дигаре дар навбат истода, ҳосили ҷамъоваришударо баъд аз банду баст боғдорону соҳибкорон содирот намуда истодаанд”, - хабар додааст манбаъ..
Мудири КВД "Ниҳолпарвар"-и ноҳияи Қубодиён Бахтиёр Ислом, гуфт дар 37 гектар боғи зардолуи корхона, 4 навъи ин мевагӣ парвариш мешавад. Навъҳои зардолубоғи онҳо асосан барои содирот нигаронидашуда, ҳамасола охири моҳи апрел пухта мерасад.
Суғд ният дорад ба Қазоқистон харбуза ва мева содир мекунад
Вай афзуд имсол, ки ҳаво нисбатан сард омад, ҷамъоварии зардолу каме ба таъхир афтод.
“Мо аз 45 тонна нақшаи пешбинишуда аллакай 20 тоннаи онро ҷамъоварӣ кардем ва ҳафтаҳои оянда содироти олуро низ оғоз менамоем”, - иттилоъ дод манбаъ.