Бемории сурхча дар Тоҷикистон таҳти назорати комил қарор дорад

Сабаби то ба сифр коҳиш ёфтани ин беморӣ моякӯбии саривақтии кӯдакони то 15-сола дар манотиқи паҳншавии вирус дар ҷумҳурӣ арзёбӣ мешавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 27 апр – Sputnik. Дар Тоҷикистон вазъи бемории сурхча пурра зери назорат буда, тайи як моҳи ахир ягон ҳолат сабт нашудааст.
Дар ин бора сардори Раёсати амнияти санитарию эпидемиологии ҷумҳурӣ, Наврӯз Ҷафаров дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон изҳор дошт.
“Дар Тоҷикистон аз соли 2022 ҳолатҳои гирифторӣ ба қайд гирифта мешуданд, аммо тибқи натиҷаҳо тайи як моҳи ахир ба қайд гирифта нашудааст”, - гуфт мавсуф.
Ба иттилои манбаъ, сабаби коҳиш додани ин беморӣ дар кишвар эмгузаронии саривақтӣ буд, ки нахуст дар минтақаҳои даргир, аз қабили шаҳри Душанбе, навоҳии атрофи он ва ду ноҳияи водии Рашт кӯдакони то синни 15-сола гузаронида шуд.
Дар доираи ин иқдом 900 ҳазор нафар эмгузарониро гузаштанд.
Ба гуфти мутахассис сурхча як навъ вирус аст, ки бештар миёни хурдсолон паҳн шуда, то 17-18-солаҳоро низ сироят мекунад. Он бештар дар афроде, ки ваксина нагирифтааст, рушд мекунад.
Якҷо бар зидди сурхча: Русия ба Тоҷикистон дар мубориза бо бемориҳои сироятӣ кӯмак мекунад
Вай гуфт, ки аз ваъ дар Русия низ огоҳ асту бо мақомоти ин кишвар дар ин самт дар тамос ҳастанд ва мубодилаи иттилоъ мекунанд.
Ин масъули Вазорати тандурустӣ афзуд, ки дар мулоқоти ахитр бо намояндагон Роспотребнадзор масъалаи додани шаҳодатномаҳои барои афроди ваксинашуда пешниҳод шуд.
“Ҷониби Русия гуфтанд, ки ин масъаларо ҳангоми убури марз назорат мекунанд, бинобар ин дар Тоҷикистон ҳар кудаке, ки эмгузарониро мегузарад, метавонад дар маҳалли зист ҳуҷҷати тасдиқкунанда бо забони русиро дарёфт кунад”, - таъкид кард Ҷафаров.
Номбурда мегӯяд, тибқи иттилои дарёфтӣ миёни муҳоҷирони тоҷик 10-12 нафар ба ин беморӣ сироят шудаанд, аммо дар умум теъдодашон кам аст.