Се нақшаи “зиддиҳамлаӣ”-и артиши Украина, ки дар Артёмовск ба шикаст мунҷар мешаванд

Мавқуф гузоштани амалиёти ”зиддиҳамлаӣ“–и артиши Украина аз тирамоҳ ба зимистон, баъд – ба баҳору тобистон тӯл мекашад. Ин театри сафсатагӯёнро ба хотир меорад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 27 апр – Sputnik. Ҷаласаи панҷоҳ “давлатҳои донор”-и қувваҳои мусаллаҳи Украина дар пойгоҳи ҳавоии низомии Рамштейн ба қувваҳои мусаллаҳи Украина, бешубҳа, иқтидори ҷангӣ зам накард, менавишад шореҳи низомии Sputnik Александр Хроленко.
Қарори фарзиявии Конгресси ИМА дар бораи “дастгирии ғалабаи пурраи Украина” бо бозгашт ба сарҳадҳои соли 1991, ҳамаи гирудори Ғарб алайҳи Русия – ба торумори стратегии низомиёни украинӣ дар Артёмовск табдил меёбад.
Баъди кадоме, пешомади фурӯравии режими киевӣ ва интиҳои “лоиҳаи киевӣ”-и ИМА боз мегардад. То он даме, ки Вашингтон роҳҳои “ғалаба аз болои Русия”-ро дар майдони ҷанг ва қувваҳои асосиву рахнакунандаи қувваҳои низомии Украинаро муҳокима доранд, қувваҳои русиягӣ озодкунии Артёмовскро ба охир расонида истодааст, ки дар ин мавзеъ артиши украинӣ зиёда аз 60 ҳаз. хизматчиёни ҳарбиро бебозгашт гум кард.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Пригожин: Амалиёти зиддиҳамлаии артиши Украина ҳатман сурат мегирад
Зерсохторҳои қувваҳои мусаллаҳи Украина кӯшида истодаанд дар канораҳои ғарбӣ (камтар аз 10% қаламрави Артёмовскро таҳти назорат қарор доранд) истодагарӣ намоянд. Гурӯҳҳои ҳамлавари русиягӣ дар ҳар шабонарӯз ду-се гузару маҳалларо тоза мекунанд.
Истеҳкоми “қалъаи Бахмут” бо зарбаҳо аз ҳаво ва бо тири гулӯлаҳо мунтазам нобуд карда мешаванд. Ҳамаи роҳҳо ба Артёмовск бастаанд, роҳи охирин ба Часов Яр низ.
Зерсохторҳои украинӣ наметавонанд дастгирӣ ёбанд ё лавозимоти ҷангӣ гиранд, ё худ аз ҳалқаи оташ берун шаванд. Ҷанговарони қувваҳои мусаллаҳи Украина бенатиҷа мекӯшанд чун сокинони мулкӣ аз Артёмовск берун бароянд.
Талафоташон он қадар зиёд аст, ки Ситоди генералии украинӣ мекӯшад таъҷилан тактикаи мудофиаи Артемовск- Авдеевква, Угледар – нуқтаҳои калидии аҳолинишинеро танзим кунад, ки он ҷо бомбаҳои ҳушманди русиягӣ мавқеъ ва иншоотҳои низомии украиниро аз рӯи замин мерӯбанд.
Диққати асосӣ ба истифодаи квадрокоптерҳои ҷосусӣ дода мешавад. То кадом андоза наворҳои аз ҳаво гирифташуда ба "хайвони бемадору тангмонда" дар гузаштан ба “зарбаҳои ҷавобӣ” кӯмак мекунад? Саволест тумратоқ.
Маҷмааҳои русиягии муборизаи радиоэлектронӣ дастгоҳҳои паррони бесарнишини украиниро “кӯр” мекунанд. Қумондонҳои украинӣ дарк менамояд, ки қуваю воситаҳояшон барои амалҳои ҳуҷумӣ нокифояанд.
Медведев: "Тақсимоти ором"-и Украина беҳтар аз узвияти он дар НАТО аст
Набудани афзалият дар қувваҳои зинда ва техникаи низомӣ, норасоии артиллерия ва тири тӯпҳо, норасоии дастгирӣ аз ҳаво ва воситаҳои мудофиаи зиддиҳавоӣ – ҳамаи ин дилхоҳ “зарбаи ҷавобӣ”-и қувваҳои низомии Украинаро ба амали худкушии оммавӣ табдил медиҳад. Интихоби дигар бошад, нест. Вашингтон аз Киев муваффақияти калони ҷангӣ ва ё худ эътирофи мағлубшавиро талаб дорад.
Дар ҳар сурат, ҳаҷми дар соли гузашта будаи маблағгузорӣ, интиқоли яроқу аслиҳа чени соли гузаштаро ба Киев дигар намедиҳанд – лавозимоти ҷангии ғарбӣ тамом шудааст, корхонаҳои комплеси саноати низомии ИМА ва НАТО ба ивази ягон хел маблағ аз ӯҳдаи сарбории украинӣ намебароянд.

Ногузирии “зиддиҳамлаӣ”-и қувваҳои мусаллаҳи Украина

Режими киевӣ ба ким кадом амалҳои нобаробар умед мебандад. Қумондони ташкилоти террористии "Азов" Богдан Кротевич ба мухбири рӯзномаи The Washington Post, рӯирост изҳор дошт, ки дар рафти “зарбаҳои ҷавобӣ” Украина метавонад шаҳрҳои наздисарҳадии русиягиро забт намояд, то баъдтар онҳоро барои баргардонидани ҳудудҳои украинӣ барои иваз намудан истифода барад.
Дар Ғарб се сенарияи асосии шиддати баҳории ҷанги украиниро дида баромада истодаанд. Манбаҳои киевӣ оғози “ҳуҷумҳои ҷавобӣ”-ро нимаи аввали моҳи май пешгӯӣ доранд.
Барои ин 12 бриагадаи нави механиконидашуда (ҳамагӣ 50 ҳаз. хазматчиёни ҳарбӣ) қисман бо техникаи зиреҳпӯши ғарб таъмин ва омода карда шуданд.
Петагон умед дорад, ки якчанд сад танкҳои аврупоии нимдошт метавонанд барои Украина “яроқи мӯъҷизанок” гарданД, ки бо дидани онҳо артиши Русия якбора акибнишиниро сар мекунад.
Додон гуфт, мақомоти Молдова кишварро бо роҳи нақшаи Украина мебарад
Собиқ сафири ИМА дар Русия ва амалдори соҳибмансаби НАТО Александр Вершбоу бо шавҚ изхор дошт: “Ҳамааш аз ҳамин “ҳамлаҳои ҷавобӣ вобаста аст.”
Дар баробари ин, Кохи сафед аз паёмадҳои рахназании бебарори украинӣ ҳарос дорад. Иттифоқчиёни аврупоии ИМА ба муваффақияти “ҳуҷуми ҷавобӣ” бовар надоранд. Ҳама асос барои “зарбаи ҷавобӣ”-и қувваҳои низомии Украина ҳаст- то сарҳад бо Лаҳистон.
Ноустувории “фронт”-ро ҳатто роҳбари украиниҳо Владимир Зеленский эътироф мекунад.
Муассиси ширкати низомии хусусии "Вагнер" Евгений Пригожин чунин меҳисобад, ки қувваҳои мусаллаҳи Украина пас аз пурра озод гардидани Артёмовск аз ҷониби қувваҳои русиягӣ ба якбора фаъол мешаванд. Низомиёни украинӣ дар мавзеи маҳалҳои аҳолинишини Славянско-Краматорский бо мақсади задани зарбаҳо шимолтар ва ҷанубтар аз Артёмовск чамъ мешаванд.
Аммо гурӯҳҳои низомиёни русиягӣ дар минтақаи амалииёти вижаи низомӣ ҳам дар шумора ва ҳам дар сифат бартарӣ доранд, ташаббускоранд, ба таври самаранок қувваҳои зинда, иншоотҳо, яроқу аслиҳа ва анборҳои душманро дар ноҳияҳои Авдеевка, Северск, Сватово, Кременной, Маринки, Угледар, Константиновка ва Дружковка нобуд карда истодаанд.
21 апрел бо як парвоз “Искандар” то 60 ҷангиёни “Легиони гурҷӣ”-ро нобуд сохт.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Украина сокинони осоиштаро аз назди ҷабҳа дуртар бурда истодааст
Ғарб аз вайроншавии боркашонии низомиёни украинӣ дар ташвиш аст, ки ин натиҷаи амали мушакҳои зарбаҳояшон дақиқи Русия мебошад.
Шонси он, ки баъд аз ҳамлаҳои украинӣ Русия ақиб менишинад, аз сифр ҳам камтар аст.
Боз як бонги хатарноки низомӣ-сиёсии Вашингтону Киев – ин изҳороти ба қарибӣ доштаи сафири Чин дар Париж Лу Шае, ки гуфт: "Қрим – таърихан аз они Русия аст, ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди шӯравӣ бошад аз нуқтаи назари ҳуқуқи байналмилалӣ мақоми таъсирноки соҳибистиқлолӣ надоранд."
Дар Ғарб воҳима сар шуд, охир сарҳадҳои соли 1991 метавонанд ба он шакле баргарданд, ки чуноне Ғарб онҳоро намебинад, балки дар ҳолати нимсолаи аввали соли 1991.