Рашк: марде дар Суғд ҳамсарашро бо шаш зарби корд кушт

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон нисбати гумонбаршуда аллакай парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардааст. Ӯро дар куштори инсон муттаҳам мешавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 27 апр — Sputnik. Дар ноҳияи Ҷ.Расулов ҳодисаи мудҳиши одамкушӣ сабт гардидааст, хабар медиҳад дафтари матбуоти ВУД Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, сокини 38-солаи ин ноҳия, ҳамсари худро ба қатл расондааст.
Манбаъ иллати кушта шудани ҳамсар аз сӯи шавҳарро рашк арзёбӣ кард.
Гуфта мешавад, мард дар дили шаб, ҳамсараш зани 23-соларо, ки дар хонаи истиқоматии холаи ҳамсараш, ки дар дохили хуҷраи истиқоматиашон тариқи телефон сӯҳбат дошт, бо мақсади куштор бо истифода аз корди хоҷагӣ мусаллаҳ гашта, 6 маротиба ба қисми аъзои баданаш задааст.
"Дар натиҷа, ҷабрдида аз ҷароҳатҳои ҷисмонии бардоштааш дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст", - афзудааст манбаъ.
Феълан назари худи боздоштшуда ва ҷониби ҳимояаш то кунун ироа нашудааст.
Бо оҳан ба сараш зад: боздошти сокини Исфара барои куштори ҳамсари 48-солааш
ВУД мегӯяд, алайҳи мавсуф бо моддаи 104 парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, гумонбар дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.
Ин модда "Одамкушӣ, яъне қасдан аз ҳаёт маҳрум сохтани одами дигар" ном дошта, аз 8 то 15 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.
Ин нахустин ҳолати куштори ҳамсар дар пайи рашк набуда, ВУД қаблан борҳо аз рухдоди чунин ҳаводис хабар дода буд.