ДУШАНБЕ, 27 апр – Sputnik. Дар Душанбе таҳкими ҳамкории мутақобилан судманди Бонки миллии Тоҷикистон бо Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд (БАТР) баррасӣ гардид,иттилоъ додааст дафтари матбуоти Бонки милли Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, раиси Бонки миллӣ Ҳоким Холиқзода дар мулоқот бо роҳбарии ноиби Президенти БАТР дар умури масъалаҳои сиёсӣ ва ҳамкорӣ Марк масъалаи гуфт, ки БМТ аз дастгирӣ ва кумаки шарикони рушд дар роҳандозии муколама байни ташкилотҳои қарзии молиявии Тоҷикистон ва бонкҳои аврупоӣ дар самти тавсеаи рушди ҳамкории муросилотӣ бо бонкҳои бонуфузи аврупоиро муҳим медонад.
Ар ҳамин ҳол, ноиби Президенти БАТР дар ин дидор иброз дошт, ки сарфи назар аз идомаи вазъи ноороми геосиёсии ҷаҳон, ҷорӣ гардидани таҳримҳои иқтисодӣ нисбат ба баъзе давлатҳои шарики савдо нишондиҳандаҳои макроиқтисодии Тоҷикистон ва низоми бонкӣ мусбат арзёбӣ гардида, тайи соли гузашта ва чанд моҳи соли равон ба комёбиҳои назаррас ноил гаштааст.
Мавсуф ҳавасмандии БАТР-ро ҷиҳати иштироки Бонки миллии Тоҷикистон дар барномаҳои иқтисоди "сабз" дар доираи шабакаҳои бонкҳои марказӣ ва нозирон оид ба сабзгардонии низоми молиявӣ (NGFS) изҳор намуд.
Дар ин дидор таъкид шуд, ки солҳои охир БМТ ислоҳоти рушди низоми пардохт ва хизматрасонии молиявии рақамиро фаъолона амалӣ намуда истодааст.
Дар робита ба ин, бо назардошти равобити муқарраршудаи БАТР ва Корея роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон мусоидати БАТР-ро дар татбиқи лоиҳаҳои ба нақшагирифтаи Бонки миллии Тоҷикистон бо низоми миллии пардохти Корея KFTC дархост намуд.
Таъкид гардид, ки БАТР минбаъд низ дастгирии худро барои татбиқи ислоҳоти фарогир ҷиҳати тавсеаи рушди низоми бонкӣ, идома хоҳад дод.