Раиси Суғд бо тавлиди тило дар Айнӣ шинос шуд

Коргоҳи холисгардонии тилло ва нуқраи “ТВЕА Душанбе саноати кӯҳӣ” дар ноҳияи Айнӣ тавони солонаи тавлиди то 5 тон ин навъи филизоти гаронбаҳоро дорад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 26 апр — Sputnik. Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ноҳияи Айнӣ бо фаъолияти корхонаи саноатии ҶДММ “ТВЕА Душанбе саноати кӯҳӣ” шинос гардид.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти ҳукумати Суғд, коргоҳи холисгардонии тилло ва нуқраи "ТВЕА Душанбе саноати кӯҳӣ", ки соли 2017 бо иштироки раисҷмуҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода шуда буд.
Масоҳати корхона беш аз 45 гектарро ташкил дода, арзиши лоиҳавии он 4 млн доллари амрикоӣ арзёбӣ мешавад.
"Дар коргоҳ консентрати маъдан бо маҳлулҳои кимёӣ дар ду марҳила коркард шуда, тилло ва нуқраи холис истеҳсол карда мешавад", - омадааст дар иттилоия.
Мақомоти Суғд мегӯянд, иқтидори истеҳсолии коргоҳ дар як сол ба 4 тон тило ва 1 тон нуқра баробар буда, консентрати маъдан аз конҳои "Кумарғи боло" ва "Дуобаи Шарқӣ" истихроҷ карда мешавад.
Вакили тоҷик аз мардум хост, дороияшонро бо тило нигоҳ доранд, на доллару евро
Тавзеҳ дода шуд, ки раванди истеҳсоли маъдан дар панҷ марҳила - истихроҷ, майдакунй, обшӯйкунӣ, ҷудокунӣ ва гудохтан амалӣ мегардад. Намуди истихроҷи ашёи хом дар кони "Кумарғи Боло" рӯизаминӣ ва дар "Дуобаи Шарқӣ" зеризаминӣ мебошад.​
Раиси вилояти Суғд зимни шиносоӣ бо фаъолияти корхона хостори он шудааст, ки дар оянда лоиҳаҳои навро татбиқ намоянду ҷойҳои нави корӣ ташкил кунанд.