Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Пригожин: Амалиёти зиддиҳамлаии артиши Украина ҳатман сурат мегирад

Барои кумак ба артиши Украина ба шаҳри Бахмут воҳидҳои таҷрибадор, аз ҷумла неруҳои вижаи украинӣ ва зархаридони лаҳистонӣ меоянд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 26 апр — Sputnik. Амалиёти зиддиҳамлаии артиши Украина ҳатман сурат мегирад, гуфт асосгузори гурӯҳи низомии “Вагнер” Евгений Пригожин дар Telegram.
"Имрӯз борон меборад, борони охирин рӯзи 2 май меборад, то хушкшавии замин як ҳафтаи дигар лозим аст, то шамол онро хушк намояд, баъд аз он артиши Украина ба ҳаракату ҳамла омода мешаванд" гуфт ӯ.
Ба гуфтаи Пригожин, воҳидҳои украинӣ метавонанд рӯзи 9-уми май ҳамла намоянд то ҷашнро вайрон кунанд.
Вай афзуд, ки дар ҳоли ҳозир дар шаҳр "задухӯрдҳои хунин" ҷараён дорад, ба Бахмут воҳидҳои хуб омодашуда ворид мешаванд, ки миёни онҳо нерӯҳои вижаи украинӣ ва воҳидҳои хос, ки бо зархаридони лаҳистонӣ пур шудаанд ба назар мерасад.
Медведев: "Тақсимоти ором"-и Украина беҳтар аз узвияти он дар НАТО аст
"Хулоса, амалиёти зиддиҳамлаии артиши Украина ҳатман сурат мегирад", - хулоса кард муассиси “Вагнер”.
Ёдовар мешавем, ки Русия рӯзи 24 феврал дар Украина амалиёти вижаро оғоз кард. Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина" ва ба ҷавобгарӣ кашидани тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс сурат бигирад.