ДУШАНБЕ, 26 апр — Sputnik. Оббозӣ дар ҷойҳое, ки барои ин кор пешбинӣ нашудаанд, метавонад бо фоҷиа анҷомад, ҳушдор додааст Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон.
Ба иттилои КҲФ, алакай дар як ҳафтаи охир дар натиҷаи риоя накардани қоидаҳои оббозӣ аллакай 3 кӯдак ба ҳалокат расидаанд, ки калонтаринашон ҳамагӣ 14 сол дорад.
Ба иттилои КҲФ, дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ дар обҳои Тоҷикистон 14 нафар ғарқ шудаанд, ки 9 нафарашон кӯдакон мебошанд. Инчунин дар семоҳаи аввали соли 2023 - 5 нафар наҷот ёфтанд.
Кумита аз аҳолӣ даъват мекунад, ки зимни оббозӣ қоидаҳои бехатариро риоя намуда, кӯдаконро дар назди обанборҳо беназорат нагузоранд.
Ин ниҳод таъкид мекунад, ки кӯдакон ва калонсолон бояд як қатор қоидаҳои оддии оббозиро риоя кунанд. Пеш аз ҳама, оббозӣ дар ҷойҳои махсус барои ин таъиншуда муҳим дониста шудааст, омадааст дар иттилоия.
Ҷаҳиш ба об дар макони ношинос тавсия дода нашудааст, чун дар даруни он метавонанд сангҳо, бандҳо ва арматураҳои сохтмонӣ бошанд.
Агар ҷараёни об шуморо барад, талош накунед зидди он шино кунед, балки дар самти ҷараён оҳиста-оҳиста ба соҳил ҳаракат кардан зарур аст, маслиҳат додаст КҲФ.
Инчунин муҳим дониста шудааст, ки дар ҳолати хастагӣ ё дигар ҳолатҳои ғайричашмдошт набояд ба воҳима афтид, чун ин ҳолат эҳтимоли ғарқ шуданро боз бештар мекунад.