ДУШАНБЕ, 26 апр — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара бо рафти корҳои сохтмонӣ дар Донишгоҳи тиббии Хатлон шинос шуд.
Ба иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, тибқи лоиҳаи тарҳрезишуда дар ин ҷо беш аз 15 бино ва дигар иншооти ёрирасон бунёд хоҳад шуд.
А ҷумла бинои асосӣ, 4 бинои таълимӣ, 2 хобгоҳ барои донишҷӯён, хобгоҳ барои омӯзгорон, 3 толори лексионӣ, ошхона, толору майдончаи варзишӣ, ҳавзи шиноварӣ ва як дармонгоҳи замонавӣ бо пешрафтатарин дастгоҳу таҷҳизот ва ашёи илмомӯзӣ муҷаҳҳаз карда мешавад, омадааст дар иттилоия.
Зикр гардид, ки Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон майдони беш аз 23 гектарро фаро мегирад.
Зимни шиносоӣ ба Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ додаанд, ки бинои асосии донишгоҳ аз 4 иншоот иборат буда, барои 900 донишҷӯ пешбинӣ гардидааст. Айни ҳол дар корҳои сохтмонӣ беш аз 200 нафар сокини маҳаллӣ бо кор таъмин шудаанд.
Мавриди зикр аст, ки Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар ноҳияи Данғара аз соли 2016 фаъолият дошта, дар марҳилаи феълӣ дар он беш аз 2,2 ҳазор донишҷӯ дар 3 факултет таҳсил доранд.
Дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон афзуд, ки баъди бунёди ҳамаи биноҳои донишгоҳ ва таъсиси кампус дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон барои таҳсили бештар аз 5000 нафар донишҷу шароит фароҳам оварда мешавад.