ДУШАНБЕ, 25 апр — Sputnik. Раисиҷумҳури Венесуэла Николас Мадуро ба суханронии Сергей Лавров-вазири корҳои хориҷаи Русия дар ҷаласаи Шӯрои Амнияти Созмони Милалро муҳим арзёбӣ кард.
Раҳбари кишвар дар пахши барномаи телевизионии худ Con Maduro+ суханронии Лавровро "даъват ба инсонияти нав" номид, ки дар саросари ҷаҳон паҳн мешавад.
"Ман суханронии аҷиби вазири корҳои хориҷӣ Лавровро гӯш кардам, ки ба назарам, он бо даъват ба инсонияти нав, ба поёни империализм, эҳсоси умумӣ нисбат ба инсониятро ифода мекунад", - гуфт Мадуро.
Раҳбари ниҳоди дипломатии Русия дар мавзӯи чандҷонибаи муассир ва дифоъ аз принсипҳои оинномаи созмон, аз таҳдиди ҷаҳонишавии баробар бо бартарияти ИМА сухан гуфт.
"Мо боз мисли солҳои ҷанги сард ба хатти хатарнок ва шояд аз ин ҳам хатарноктар наздик шудем",- гуфт Лавров.
Ба гуфтаи вазир, вақте таҷовузи молӣ ва иқтисодии Ғарб бартариҳои ҷаҳонишавиро аз байн мебарад ва вақте ки ИМА бо муттаҳидонаш аз дипломатия даст мекашанд ва "дар майдони набард" бархӯрдро талаб мекунанд, эътимод аз даст рафтаву вазъ вахимтар мешавад
"Ҳамаи ин дар дохили деворҳои СММ аст, ки барои пешгирии даҳшатҳои ҷанг сохта шудааст", - гуфт ӯ.
Лавров СММ ва оинномаи онро таҳдид ба ғаразҳои ҷаҳонии Вашингтон номид. Вазир имкони тарки созмонро аз Ню Йорк, ки қароргоҳи он ҳоло дар он ҷо ҷойгир аст, мусбат арзёбӣ кард.