Афзоиши ҳамлу нақли сареъ байни Русия ва Тоҷикистон

Дар Русия талабот ба интиқоли фаврии электроника ва дигар молҳо ба Тоҷикистон ва дигар кишварҳои хориҷи наздику дур меафзояд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 25 апр — Sputnik. Интиқоли байналмилалӣ дар муддати кӯтоҳ миёни Русия ва Тоҷикистон маъмултар шудааст, хабар медиҳад Оператори бисёрсервисии хадамоти логистикӣ ПЭК..
Дар ҳоли ҳозир давоми 1—3 руз молҳо аз Ӯзбекистон ва Туркия оварда мешаванд.
"Дар 3 моҳи аввали соли ҷорӣ қисмҳои эҳтиётӣ, электроника ва ашёҳои шахсӣ аз рӯи ҳаҷми интиқоли сареъ дар ширкат категорияҳои пешсаф шуданд", - гуфтанд дар ширкати нақлиётӣ.
Ҳаҷми интиқоли таъҷилӣ байни ширкатҳо ва резидентҳои Русия низ дар 3 моҳи аввали соли 2023 10% афзоиш ёфтааст.
Ин натиҷаи хеле зиёд шудани шумораи фармоишҳои онлайн гуфта мешавад.
Вазири тоҷик гуфт, дар зарфи 30 сол дар бахши роҳу нақлиёт кишвар чӣ пешравиҳо кардааст
"Агар таҷҳизот вайрон шавад ва дар мағозаҳои шаҳр қисмҳои эҳтиётии мувофиқ мавҷуд набошанд, сокинони Русия бештар фармоиш медиҳанд, ки ҷузъҳоро мустақиман аз фурӯшанда аз дигар минтақаҳои Федератсияи Русия ё кишварҳои хориҷӣ интиқол диҳанд", - қайд кард интиқолдиҳанда.
Дар бобати афзоиши ҳаҷми нақлиёти сареъ дар дохили Русия шаҳрҳои пешқадам Маскав, Владивосток ва Калининград мебошанд.