Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Украина сокинони осоиштаро аз назди ҷабҳа дуртар бурда истодааст

Тахлияи бархе аз минтақаҳои аҳолинишини назди хатти амалиёти низомӣ дар қисматҳои вилояти Запроже ба тариқи маҷбурӣ сурат гирифта истодааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 24 апр — Sputnik. Нерӯҳои украинӣ ба берунсозии иҷбории аҳолӣ аз маҳалли Степногорск дар Запороже, ки таҳти назорати Киев қарор дорад, шурӯъ карданд.
Дар ин бора раиси ҷунбиши "Мо бо Русия астем" дар Запороже, ба хабаргузории РИА "Новости" иттилоъ дод.
Вай таъкид намудаст, ки тахлияи ин минтақаҳо маҷбурӣ сурат гирифта, зиёда аз ин нерӯҳои Украина он қисматҳоро минакорӣ карда истодаанд. Ба гуфтаи ӯ, тавассути Степногорск роҳи шаҳри Запороже кушода мешавад.
Дар бораи ҳамлаи қарибулвуқӯъи нерӯҳои мусаллаҳи Украина ҳам дар Киев ва ҳам дар Ғарб борҳо эълон шуда буд.
Артиши Украина аслиҳа ва муҳимоти ҷангӣ партофта аз Бахмут ақибнишинӣ дорад
Яке аз самтҳои зарбазанӣ минтақаи Запороже бо мақсади расидан ба соҳили баҳри Азов бо мақсади буридани долони заминӣ ба Қрим арзёбӣ мешавад.
Қаблан хабаргузории Reuters иттилоъ дод, ки Киев ҳашт бригадаи ба истилоҳ ҳамлагарро таълим додааст.
Муассиси гурӯҳи "Вагнер" Евгений Пригожин теъдоди ин нерӯҳоро ҳудуди 200 ҳазор нафар арзёбӣ кардааст.
Дар навбати худ, дар вилояти Запороже чун дар дигар субъектҳои нави Русия гуфтанд, ки ба ҳар гуна амалиёти нерӯҳои мусаллаҳи Украина омодагӣ дидаанд.