Ҷустуҷӯи ҷасадҳо идома дорад: Ғарқи се ноболиғ дар як шабонарӯз дар Тоҷикистон

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон мегӯяд дар шабонарӯзи гузашта дар кишвар се ноболиғ дар обҳои кишвар ғарқ ва ба ҳалокат расиданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 24 апр — Sputnik. Тибқи иттилои КҲФ-и Тоҷикистон рӯзи 23-апрели соли равон ҳангоми оббозӣ дар ҷойи мамнуъ се ноболиғ, бачаҳои 12, 13, 14-солаи сокини ноҳияҳои Варзоб, Ёвони вилояти Хатлон ва шаҳраки Бӯстони ноҳияи Мастчоҳ дар об ғарқ шуда ба ҳалокат расиданд.
Иттилоъ дода шудааст, ки ҷасади писарбачаи 14-сола, сокини шаҳраки Бӯстони ноҳияи Мастчоҳ бо талоши кормандони КҲФ ва сокинони маҳаллӣ пайдо ва ба волидонаш супурда шуд.
Имдодгарони Кумита барои пайдо кардани ҷасади духтарчаи 12-сола, сокини ноҳияи Ёвон ва писарбачаи 13-сола сокини ноҳияи Варзоб аз субҳи имрӯз ба корҳои ҷустуҷӯӣ идома доданд.
Манбаъ қайд кардааст, ки дар бораи натиҷаи корҳои ҷустуҷӯи хабар хоҳад дод.
Омори ҳодисаҳои ғарқшавӣ дар Суғд: 9 кас наҷот ёфту 42 нафар ғарқ шуд
Инчунин КҲФ таъкид кардааст, ки бовуҷуди ҳушдорҳои Кумита дар мавриди эҳтиёт ва риояи қоидаҳои бехатарӣ дар минтақаҳои кӯҳӣ баъзе сокинон ҳушдорҳоро нодида мегиранд, ки ин боиси рух додани фоҷеа мешавад.
Ба иттилои манбаъ ахиран як сокини деҳаи Асбоби ҷамоати деҳоти Работи шаҳри Турсунзода ҳамроҳи се нафар аз дӯстонаш дар минтақаи кӯҳии Чинордара истироҳат мекард ва аз баландӣ сарозер шуд.
“Дар бархӯрди шадид шадидан захмӣ гашт ва ҳангоми интиқолаш ба беморхона дар роҳ ҷон супурд”, - хабар дод КҲФ.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ бори дигар аз сокинон хоҳиш кардааст, ки ҳангоми будубош дар минтақаҳои кӯҳӣ, соҳили рӯдхонаҳо ба қоидаҳои бехтарӣ диққат диҳанд.
“Бачаҳоро беназорат нагузоранд. Натиҷаи бепарвоиву беназоратии волидон ҳамин гуна ҳодисаҳои нохӯшанд, ки аксар вақт ба фоҷеа ба поён мерасад”, - зикр кардааст КҲФ.