ДУШАНБЕ, 24 апр — Sputnik. Мақомоти Молдова талош доранд бо роҳи Украина раванд, расонаҳои мухолифро манъ мекунанду ба калисо фишор меоранд, гуфт раисҷумҳури пешини Молдова Игор Додон дар мусоҳиба бо шабакаи телевизионии "Россия 24".
Моҳи декабри соли гузашта мақомоти Молдова иҷозатномаи телевизионҳои машҳури мухолифро, ки бо забони русӣ пахш мекарданд, аз ҷумла РТР Молдова, Аксент ТВ, НТВ Молдова, ТВ6, Телевизиони Орхейро, ки гӯё маълумот дар бораи рӯйдодҳои ва Украина маълумоти бардурӯғ медиҳад бозхонд.
Вазорати хориҷаи Русия гуфт, Маскав тасмими Кишинёвро як амали сензураи сиёсӣ номид.
Вазорати умури хориҷаи Русия афзуд, ки ин гуна амалҳо таҷовуз алайҳи усули гуногунандешии расонаҳо ва нақзи дағалонаи ҳуқуқи озодии инсон ба дастрасии иттилоот аст ва Маскав низ ҳамчун “таҳқири бемаънӣ ба ҳуқуқи ақаллиятҳои миллӣ” арзёбӣ мекунад.
"Мақомоти феълии Молдова роҳи Украинаро имтиҳон джоранд. Он чизе ки мо дар кишвари ҳамсоя дидем - мубориза бо забони русӣ, баста шудани шабакаҳои телевизионии мухолиф, фишор болои мухолифин, изҳорот дар бораи зарурати пайвастан ба НАТО, фишор болои калисо. — дар кишвар дар кишвари мо низ роҳандозӣ шудааст”, — гуфт Додон.