Дар ВМКБ сардиву дар Хатлон гармо: Пешгӯии обуҳавошиносони тоҷик

Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон мегӯяд, ки дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш хоҳад буд ва ҳаво шабона то 2 дараҷа гарм мешавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 22 апр — Sputnik. Ба иттилои обуҳавошиносони тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар дошта шуда, дар мавзеи Шаймак бориш ба амал меояд.
Ҳаво дар ғарби вилоят шабона то 5 дараҷа гарм, рӯзона то 17 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят шабона 8 дараҷа хунук, рӯзона то 9 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳаво дар водиҳо шабона то 14 дараҷа гарм, рӯзона то 24 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона то 5 ва рӯзона то 17 дараҷа гарм мешавад.
Сабти беш аз 258 ҳодисаи табиӣ дар ҳудуди ВМКБ давоми се моҳи соли 2023
Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона то 14 дараҷа гарм, рӯзона то 31 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона то 11 дараҷа гарм, рӯзона то 24 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар ағбаҳо тормеғ мефарояд. Ҳаво дар водиҳо шабона то 14 дараҷа, рӯзона то 30 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона то 9 дараҷа ва рӯзона то 24 дараҷа гарм мешавад.
Дар Душанбе ҳавои камабри бебориш дар назар аст. Ҳаво шабона то 11 дараҷа ва рӯзона то 28 дараҷа гарм мешавад.