ДУШАНБЕ, 22 апр — Sputnik. Дар 105 мактаби шаҳри Душанбе рӯзномаи электронӣ фаъолият мекунад, иттилоъ додааст Сарраёсати маорифи пойтахт.
Ба иттилои манбаъ, барномаи “eDolish” дар соли таҳсили 2022-2023 беш аз 203 ҳазор донишҷӯро фаро гирифтааст.
“eDolish” як барномаи электронӣ мебошад, ки тавассути он волидайни хонандагони муассисаҳои таълимӣ пайваста аз рафтор ва муваффақияти хониши фарзандонашон бо истифода аз воситаҳои муосири муошират огоҳ карда мешаванд.
Ҳатто тавассути телефони мобилӣ метавон ҷадвали дарси хонандагон, баҳоҳо ва вазифаи хонагиро дид. ИТнчунин бо ин барнома ҳузури хонандаро дар мактаб ва дар бораи пешрафту сатҳи дониши хонанда ошно шуд.
Барномаи eDonish барои он тарҳрезӣ шудааст, ки муассисаҳои таълимӣ бо волидон робитаи зичтар ва мунтазам барқарор кунанд ва аз раванди таълими ҳар як хонанда бохабар бошанд.
Ёдовар мешавем, ки соли 2023 дар қаламрави Тоҷикистон бояд 25 кӯдакистони нави хусусӣ ифтитоҳ шавад.
Дар муқоиса бо нишондиҳандаи соли 2022 шумораи муассисаҳо таълимӣ ва кӯдакон мутаносибан 301 ва 17,6 ҳазор адад афзоиш ёфтааст. Аммо, сарфи назар аз тамоюли мусбат дар як қатор ноҳияҳо шумори кӯдакистонҳо кам будааст.