Зарба ба худиҳо: Кремл гуфт, таҳримҳо ба зарари кист

Ҳеч як кишвари ҷаҳон ба мисли Русия ба чунин ҳаҷми таҳримот то ҳол дучор нашудааст, мутмаин аст, котиби матбуотии президенти кишвар
Sputnik
ДУШАНБЕ, 21 апр — Sputnik. Манъи содироти тақрибан ҳама колоҳои имконпазир ба Русия метавонад боиси бӯҳрони ҷаҳонӣ шавад.
Дар ин бора ба рӯзноманигорон котиби матбуотии президенти Федератсияи Русия Дмитрий Песков изҳор дошт.
Вай қайд кард, ки кишвар сиёсати таҳримии давлатҳои дигарро пайваста назорат мекунад.
"Аз ин рӯ, мо нақшаҳои дарозмуддати рушд таҳия карда кор карда истодаем, мутобиқ шуда истодаем", - изҳор дошт сухангӯи раисиҷумҳури Русия.
Ӯ илова намуд, ки дар зимн чунин андешаҳои рақибон низ, ки метавонанд хатар дар пай дошта бошанд, ба назар гирифта мешаванд.
Ба гуфтаи ӯ, ҳеҷ як кишвари ҷаҳон ба мисли Русия бо чунин ҳаҷми таҳримҳо рӯбарӯ нашудааст.
Қаблан хабаргузории Kyodo бо такя ба манобеъ дар ҳукумати Ҷопон хабар дода буд, ки кишварҳои G7 масъалаи ҷорӣ кардани манъи содироти тақрибан ҳамаи коло ба Русияро баррасӣ мекунанд.
ВАО: Иттиҳодияи Аврупо бар ин назар аст, ки таҳримҳо алайҳи Русия тамом шудааст
Ёдовар мешавем, ки пас аз ҷорӣ шудани таҳримҳои зидди Русия, захираҳои стратегии нафти ИМА тақрибан ду баробар коҳиш ёфтанд.
Ҳамин тариқ, захираи сӯзишвории Иёлоти Муттаҳида 368 млн бушкаро ташкил медиҳад, ки ин нишондиҳанда аз моҳои октябри соли 1983 пасттарин мебошад.