ДУШАНБЕ, 21 апр — Sputnik. Мақомоти Мексика эълон доштанд, ки ҳавопаймои президентиро ба ҳукумати Тоҷикистон ба ивази 92 млн доллар фурӯхтанд.
Ин нуктаро раисҷумҳури Мексика, Андрес Мануэл Лопес Обрадор дар саҳифааш дар Twitter хабар дод.
"Ман ба мардуми Мексика мегӯям, ки шартномаи фурӯши ҳавопаймоҳои президентӣ баста шуд. Мутобиқи арзёбии расмӣ ҳукумати Тоҷикистон ба 1,6 млрд песоро гузаронд", - навиштааст ӯ.
Маълум аст, ки ин ҳавопаймо чанд соли пеш ба фурӯш гузошта шуд ва нархи аввалияи он ба маротиб гаронтар арзёбӣ мешуд. Ҷониби Тоҷикистон феълан дар мавриди хабари хариди ҳавопаймо аз Мексика расман ҳеч шарҳе надодаст.
Худи Обрадор, ки моҳи декабри соли 2018 ба сари қудрат омад, ҳеҷ гоҳ аз ин ҳавопаймо истифода накарда буд ва борҳо ваъда дод, ки барои он соҳиби нав пайдо мекунад.
Роҳбари Мексика инчунин тавзеҳ дод, ки ҳамаи маблағҳои бадастомада аз фурӯши ҳавопаймо барои сохтани ду беморхона дар музофоти фақири кишвар равона карда мешаванд.
Дар мавриди худи ҳавопаймо маълум аст, ки он соли 2012 аз ҷониби Мексика дар аҳди роҳбарии Фелипе Калдероне фармоиш дода шуда, моҳи феврали соли 2016 дар замони роҳбарии Энрике Пеня Нето ба кишвар расид.
Тибқи арзёбиҳои гуногун, барои ин ҳавопаймо аз 220 то 400 млн доллар пардохт карда шудааст.