Ширкати ҳавоии Nordwind парвоз аз Омск ба Душанберо лағв кард

Дар ҳоли ҳозир дар тоблои фурудгоҳ парвоз ба самти Хуҷанд мавҷуд аст. Қаблан аз ин минтақа парвозҳои мустақим ба самти Бохтар вуҷуд дошт, вале ҳоло лағв шудаанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 20 апр — Sputnik. Ширкати Nordwind Airlines парвозҳои мустақим аз Омск ба Душанберо, ки қарор буд 2 май сурат бигирад, лағв кард.
Қарор буд, парвозҳои мустақим аз 2 май то 24 октябри соли 2023 ҳар ҳафта дар доираи таҳкими иқтидори транзитӣ байни вилояти Омск ва кишварҳои Осиёи Марказӣ оғоз карда мешуд.
Дар ҳоли ҳозир дар тоблои фурудгоҳ парвозҳо ба самти Хуҷанд дида мешаванд. Қаблан парвозҳо ба самти Бохтар вуҷуд дошт, аммо ҳоло ин парвозҳо низ лағв шудаанд.
Қаблан ин ширкат эълом карда буд, ки рӯзи 3 май ҳавопаймоҳо байни Красноярск ва Бохтар парвоз хоҳанд кард.
"Сомон Эйр" бо ширкати ҳавопаймоии Арабистони Саудӣ ҳамкорӣ ба роҳ мондааст
Дар сомонаи расмии Nordwind чиптаҳои парвозҳ аз Русия ба Тоҷикистон ва бозгашт аллакай ба фурӯш гузошта шудаанд.
Парвозҳо дар як ҳафта як маротиба - рӯзҳои чоршанбе анҷом дода мешаванд. Парвоз соати 06:25 ва расидан 08:30 ба вақти маҳаллӣ ба нақша гирифта шудааст. Вақти сафар 4 соат хоҳад буд.
Ба гуфтаи ширкат, парвоз ба як тараф 18 ҳазор рубл арзиш дорад.