ДУШАНБЕ, 20 апр — Sputnik. Дар остонаи таҷлили Иди Фитра ба садҳо тарбиятгирандаи мактаб-интернатҳо аз номи раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон кумаки моддӣ расонида шуд.
Хонандагони мактаб-интернати кӯдакони ятиму бесарпаноҳи ноҳияи Темурмалик аз сарвари давлат кумак дарёфт карданд.
Ба бачаҳо туҳфаҳо аз қабили, маҷмуаи сару либоси мактабӣ ва либосхои варзишӣ ва ҳамзамон шириниҳои идона тақдим карда шуд.
Илова бар ин, барои онҳо дастархони идона ороста шуд. Аз ин мактаб ёвари Раҳмон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Эмомалӣ Насриддинзода низ дидан кард.
Аъзоёни ҳайати вакилон бо шароити маишат ва таълиму тарбияи бачагон шинос шуданд.
Ба тарбиягирандагони мактаб-интернати давлатии Кангурт низ ҳамин гуна ёрӣ расонда шуд, ки дар он 120 нафар наврасон зиндагӣ мекунанд.
Кӯмаки дигари башардӯстона дар навоҳии Рӯшону Дарвоз ва Роштқалъаи ВМКБ тақсим шуд.
Ҳамзамон аз ин ёриҳо тарбиятгирандагони хонаи кӯдакони Мастчоҳи Куҳӣ ва Муъминобод Истаравшан низ бархурдор шуданд.
Бояд тазаккур дод, ки президенти ҷумҳурӣ кӯдаконеро, ки дар ғамхории давлат қарор доранд, бо санаҳои бузурги давлатӣ ва динӣ мунтазам табрик менамояд.
Маълум аст, ки ин гуна бачагон баъди хатми мактаб-интернатҳо аз имтиёзҳо барои дохил шудан ба мактабҳои касбӣ ва олии ҷумҳурӣ истифода бурда метавонанд.