Дар Маскав ҳазорон ронандаи муҳоҷир аз Тоҷикистон шаҳодатномаи рақамӣ гирифтанд

Низоми наве, ки дар минтақа ҷорӣ шудааст, назорат мекунад, ки ронандагони нақлиёт аз меъёр зиёд кор накунанд, аз муоинаи тиббӣ сари вақт мегузаранд ва ғайра
Sputnik
ДУШАНБЕ, 20 апр — Sputnik. Беш аз 300 000 ронанда дар Маскав ва вилояти Маскав дар низоми мониторинги таксиҳо шаҳодатнома гирифтанд.
Дар ин бора ТАСС бо истинод ба Департаменти нақлиёти Маскав хабар додааст.
Шумораи ронандагоне, ки дар системаи таҳлилии ронандагони таксие, ки дар минтақа ба қайд гирифта шудаанд, хеле афзуд.
Гуфта мешавад, тақрибан 71% ронандагони дар ин система сабтиномшуда шаҳрвандони Русия мебошанд.
"29% онҳоро шаҳрвандони хориҷӣ ташкил медиҳанд, ки миёни онҳо шаҳрвандони Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон ҳастанд", — гуфт дафтари матбуоти Раёсати нақлиёт.
Бояд гуфт, ки низоми ҷорӣ назорат мекунад, ки ронандагон аз ҳад зиёд кор накунанд, онҳо аз муоинаи тиббӣ гузаранд. Инчунин тамоми ҳуҷҷатҳои заруриро сари вақт ба расмият дароварда, ҷаримаҳоро пардохт кардааст.
Боздошти таксистҳои муҳоҷир дар Владивосток: сабаб
Системаи муттаҳидшудаи иттилоотии "Таҳлили кори таксӣ" дар Маскав ва вилояти Маскав аз моҳи августи соли 2021 ба кор шурӯъ кард ва аз моҳи майи соли 2021 сабти ном шудан мумкин гардид.
Акнун ронандагоне, ки ID-и рақамӣ надодаанд, дигар фармоиш намегиранд.