ДУШАНБЕ, 20 апр — Sputnik. Вазорати дифои Русия мегӯяд, талафоти умумии артиши Украина дар як шабонарӯз дар самти Донетск 470 сарбоз ва зархарид, 20 адад техника ва як анбори муҳимоти ҷангиро ташкил додааст.
Ба иттилои вазорат, дар давоми як рӯзи ахир нерӯҳои ҳавоии Русия барои дастгирии нерӯҳои заминӣ 10 парвози ҷангӣ анҷом додаанд. Дар навбати худ тӯпчиёни гурӯхи қушунҳои “Чанубӣ” 64 супориши ҷангиро иҷро карданд.
"Артиши Русия ба макони мустақари нерӯҳои мусаллаҳи Украина дар маҳалҳои аҳолинишини Богдановка, Красное ва Ступочки Ҷумҳурии Мардумии Донетск зарба заданд. Талафоти душман дар як шабонарӯз дар ин хати ҷабҳа 470 нафар сарбузу зархаридони украиниро ташкил додааст”, - таъкид кардааст вазорат.
Ҳамзамон вазорати дифоъ хабар додааст, ки дар ин самт ҳамчунон се танк, панҷ мошини ҷангии пиёда, 6 мошини зиреҳпӯши ҷангӣ, чаҳор мошин, мушакандози чандгонаи “Град” ва як тӯби “Msta-B” нобуд карда шудааст.
Ғайр аз ин, дар минтакаи Водияное ҶМД анбори лавозимоти ҳарбии бригадаи механиконидашудаи артиши 72-уми Украина нобуд карда шудааст.
Вазорати дифои Русия ҳамчунин хабар дод, ки гурӯҳҳои ҳамлагар бо пуштибонии нерӯҳои ҳавоӣ ва нерӯҳои гурӯҳи "Ҷануб"-и нерӯҳои мусаллаҳи Русия дар қисмати ғарбии Артемивск ба нобуд кардани сарбозони Украина идома доданд.
"Дар самти Донетск, гурӯҳҳои ҳамлагари амалиёти фаъолро барои нест кардани душман дар қисмати ғарбии шаҳри Артемовск идома доданд", — гуфта мешавад дар гузориш.