Буҳрони ғизои дар Афғонистон ба марзи фоҷеа расидааст

Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт ахиран бори дигар аз вазъи вахими мардум ва дар бораи афзоиши фақру буҳрони ғизоӣ дар Афғонистон ҳушдор дод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 20 апр — Sputnik. Буҳрони ғизо ва ташдиди фақр дар Афғонистон ба тавре, ки Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт аз марги равзанаи ҳудуди 160 навзод дар ин кишвар хабар додааст, ки реша дар ду даҳаи ишғолгарӣ низомиён амрикоӣ дорад, инак низ ҳудуди 10 млрд доллар пӯли афғонҳоро блок ва тасоҳуб кардааст.
Барасоси ин гузориш, таъсири ноамнии ҳоди ғизоӣ дар Афғонистон вайронгар аст, ба тавре ки ҳудуди 20 миллион нафар дар ин кишвар дар маърази хатар сӯитағзиа ва бемориҳои уфунӣ қарор доранд.
Дар ҳол ҳозир гуфта мешавад, ки нисфи ҷамъияти Афғонистон бо гуруснагӣ мувоҷеҳанд ва 28 миллион нафар ниёз ба кумакҳои башардӯстона доранд.
Изҳори нигаронии кишварҳои G7 аз вазъ дар Афғонистон
Пас аз тасаллути толибон дар Афғонистон дар соли 2021 мунҷамид шудани ҳудуди 10 млрд доллар аз дороиҳои мардуми Афғонистон назди банкҳои Амрико ва фақру гуруснагӣ ба гунае бесобиқа дар ин кишвар фарогир шудааст.
Дар ин шароит Абдусалом Ҳанафӣ, муовини нахуствазири ҳукумати толибҳо ахиран дар дидор бо Илво Филиун, раиси кумитаи байналмилалии Салиби Сурх барои Афғонистон дар Кобул гуфт, акнӯн сулҳу сабот дар Афғонистон барқарор шудааст, бинобар ин афғонҳо беш аз ҳар замони даргири дар арсаҳои мухталиф ба хадамот ва кумак ниёз доранд.