Соҳибкорони вилояти Орлови Русия ба Тоҷикистон меоянд

Соҳибкорони вилояти Орлови Русия дар сафар ба Тоҷикистон масоили ворид шудан ба бозори ҷумҳурӣ ва ба роҳ мондани робита бо соҳибкорони тоҷикро баррасӣ мекунанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 19 апр — Sputnik. Намояндаи чаҳор корхонаи бузурги вилояти Орлови Русия ба Душанбе меоянд, иттилоъ дод дар ин бора раҳбари утоқи бозаргониии вилотяи Орлови Русия Светлана Ковалева дар гуфтугӯ бо намояндаи тиҷории ин кишвар дар Тоҷикистон Евгений Коренков.
Ба гуфтаи хонум Ковалева як ҳайати бузурги соҳибкорони вилоят рӯзи 22 апрел вориди пойтахти Тоҷикистон хоҳанд шуд.
“Як ҳайати бузурги мо ҳафтаи дигар дар Тоҷикистон мешавад. Дар ин ҳайат намояндагони чаҳор ширкати бузурги вилояти Орлов низ ҳузур дорад”, - гуфт ӯ.
Раҳбари утоқи бозаргониии вилотяи Орлови Русия изҳори умедворӣ кард, ки сафари онҳо ба Тоҷикистон ормонҳои соҳибкорони вилоятро амалӣ хоҳад кард.
“Умедворам, ки дар ҷараёни сафари мо корҳои мушаххасе анҷом дода мешаванд, ки баъдан ба шартномаҳо ва рақамҳои мушаххас табдил меёбанд ва молҳо ба ду самт мераванд”, - гуфт хонум Ковалева.
Вай илова кард, ки утоқи бозаргонии вилояти Орлови Русия барои ин аз тамоми имкониятҳои мавҷудаи худ истифода хоҳад кард.
Аҳмадзода хостори се баробар афзоиш додани гардиши мол миёни Русия ва Тоҷикистон шуд
Дар ҳамин ҳол, намояндагони утоқи бозаргонии вилояти Орлов қайд карданд, ки соҳибкорони вилоят ҳавасманди воридшавӣ ба бозори Тоҷикистонро доранд аммо мутаасифона ин бозор ба соҳибкорони ин вилоят чандоношно нест.
Ба ҳамин хотир соҳибкорони ин вилояти Русия ният доранд аз Тоҷикистон боздид куннд ва аз наздик аз бозори кишвар ошно шаванд.
Намояндагони утоқи бозаргонии вилояти Орлов дар гуфтугӯ бо намояндаи тиҷораии Русия дар Тоҷикистон масоили ворид шудан ба бозори Тоҷикистон, "нуқтаҳои афзоиш"-и содироти минтақавӣ, хусусиятҳои иртибот бо шарикон аз Тоҷикистонро баррасӣ намуданд.
Дар фарҷоми чорабинӣ мулоқот тарафҳо мушкилоти асосӣ ва чораҳои дастгирии истеҳсолкунандагони минтақавӣ ҳангоми ворид шудан ба бозори Тоҷикистонро баррасӣ намуданд.