Қабули қонуни нав дар бораи алоқа дар Тоҷикистон: нарху сифат чӣ гуна хоҳанд шуд?

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон қонуни ҷадид "Дар бораи алоқаи барқӣ"-ро қабул кардааст, ки яке аз аҳдофи он таъмини рақобати озоду бовиҷдонона муаррифӣ шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 19 апр — Sputnik. Қонуни нави Тоҷикистон "Дар бораи алоқаи барқӣ" аз 5 боб ва 35 модда иборат буда, барои беҳбудиҳо дар соҳа равона шудааст.
Дар ин бора дафтари матбуоти Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон иттилоъ дода, афзуд, қонуни мазкур асоси кафолати дастрасӣ ба ҳама намуди хизматрасонии алоқаи барқӣ, ҷорӣ намудани шаклҳои нави хизматрасониро фароҳам мекунад.
Рақобати озод, бовиҷдононаву самаранок дар бозори хизматрасонии соҳаи алоқаи барқӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои истифодабарандагони хизматрасонии алоқаи барқӣ аз аҳдофи дигари қонун арзёбӣ шудааст.
Инчунин таъкид гардид, ки дар он ҳуқуқу уҳдадориҳои субъектони соҳаи алоқаи барқӣ ва ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ муайян шудаанд.
Дар Тоҷикистон оператори нави алоқа пайдо шуд: тарофаҳои "Анор" чӣ гуна аст?
Қабули қонун дар ҳолест, ки ахиран раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон аз сифати интернету алоқа ва нархи он изҳори норозигӣ карда буд. Ӯ дар ҷаласаи васеи ҳукумат супориш дод, ки нархи интернету алоқаи мобилӣ дар ҷумҳурӣ поину сифаташон боло бурда шавад.
Хадамоти алоқаи ҷумҳурӣ барои коҳиши арзиши алоқаи мобилӣ ва интернет ва дастрас гардонидани интернети баландсуръат дар тамоми минтақаҳои кишвар вазифадор гардид.
Инчунин дар пайи дастури роҳбари давлат Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон низ эълон дошт, ки ба чораандешӣ барои поин бурдани нархи интернет ва алоқаи мобилӣ дар ҷумҳурӣ оғоз кардааст.