Доллар арзон шуду евро гарон: Охирин хабар аз бозори арзи Тоҷикистон

Дар бозори арзи Тоҷикистон болоравии якбораи қурби евро ба назар мерасад. Аммо қурби рубл нисбат ба рӯзи қаблӣ тағйир наёфтааст.
Sputnik
ДУШАНБЕ, 19 апр — Sputnik. Қимати як ҳазор рубл дар Тоҷикистон 133,5 сомонӣ муқаррар шудааст, иттилоъ дод Бонки миллии ҷумҳурӣ.
Бар асоси нишондодҳои нашркардаи БМТ, қурби пули русӣ дар чанд рӯзӣ ахир дар сатҳи устовор қарор гирифтааст. Қурби пули рубли русӣ нисбат ба дирӯз ҳеҷ тағйире наёфтааст.
Дар зимн қимати пулҳои хориҷии дигар, аз ҷумла доллари ИМА ва евро андаке коҳиш ёфтааст.
Ҳоло дар кишвар бар ивази ҳар доллар 10.9139 сомонӣ медиҳанд, вале ин тағйирёбӣ нисбати рӯзи пешин хеле кам аст, зеро дирӯз доллар 10.9143 сомонӣ арзиш дод.
Додугирифт бо юан ва рубл: изҳороти Путин дар мулоқот бо Си Ҷинпин
Дар ҳамин ҳол, асъори аврупоӣ майли болоравӣ касб намуда, ҳоло ҳар евро 11.9769 сомонӣ нарх дорад.
Рӯзи пеш 1 евро дар бозори арзи Тоҷикистон ба арзиши 11.9577 мубодила мешуд.
БМТ ҳушдор додаст, ки берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст.
Таъкид шудааст, ки риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад.