Расман: Муфтӣ рӯзи дақиқи иди Рамазону соати намоз дар Тоҷикистонро эълон кард

Ҷаласаи навбатии Шурои уламои Маркази исломии Тоҷикистон бо мақсади муайян намудани рӯзи иди Рамазон даъват гардида, хулосаи уламо баён шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 18 апр — Sputnik. Расман иди саиди Рамазон дар Тоҷикистон ба рӯзи 21 апрел рост меояд, эълон дошт Шӯрои уламои Маркази исломии ҷумҳурӣ.
Ба иттилои манбаъ, ин сана зимни ҷаласаи навбатии Шурои уламои Маркази исломии ҷумҳурӣ, ки ҷиҳати муайян намудани рӯзи иди Рамазон даъват шуд, дақиқ гардид.
Раиси Шурои уламо, Саидмукаррам Абдуқодирзода дар ҷаласа қайд кард, ки мувофиқи далелҳои илмӣ ва дар асоси хулосаи Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Иди саиди Рамазон дар кишвар маҳз ба 21 апрел дуруст меояд.
Ичунин, тибқи қарори Шурои уламо вақти баргузории намози Иди саиди Рамазон соати 6:30 дақиқа муайян карда шудааст.
Шабе беҳтар аз ҳазор моҳ: амалҳои хайр ва мамнӯъ дар Лайлатулқадр
Дар асоси қарори мазкур имомхатибон вазифадор карда шудаанд, ки таваҷҷуҳи мардумро барои расонидани кумаки моддӣ ба муҳтоҷону ниёзмандон ҷалб намоянд.
Дар баробари ин таъкид гардидааст, ки руҳониён диққати шаҳрвандонро ба пешгирии исрофкориҳо дар рӯзҳои ид ва сарфаю сариштакорӣ ҷалб намоянд.
Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон таъкид намудааст, ки масъулини дин худашон бояд дар ин самт намунаи ибрати дигарон бошанд.
Дар зимн Саидмукаррам Абдулқодирзода фарорасии Иди саиди Рамазонро барои тоҷикистониҳо шодбош гуфтааст.